ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Аризаи шикоятии Холов рӯзи гузаштаи 5-уми феврал ба додгоҳи ноҳияи Данағара ирсол шудааст, менависад сомонаи ҲНИТ.
Ба гуфтаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ин ташкилоти сиёсӣ дар баробари устоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, 10 нафар аз номзадони ҲНИТ дар Данғара низ, ки ба хотири нагузаштан аз имтиҳони забони давлатӣ сабти ном нашуданд, ба додгоҳ шикоят бурдаанд.
Манбаъ мегӯяд, Хол Камолов, сокини 82-солаи ноҳияи Данғара мебошад, ки дар гузашта ба ҳайси омӯзгори фанни математика кор кардааст ва ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мактаби миёна дарс гуфтааст. Қаблан ҲНИТ аз сабти ном нашудани 10 вакили худ дар Данғара бо шумули Камолов хабар дода, гуфт, комиссияи имтиҳонотӣ ӯро барои он ноком эълон кардааст, ки ҳусни хаташ гӯиё бад будааст.
Оқои Файзраҳмонов афзуд, имрӯз инчунин ду номаи шикоятӣ унвони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳам ирсол карда, аз монеагузорӣ ва фишор болои вакилони худ аз сӯи мақомот хабар додаанд. Аз КМИР талаб шудааст, "дар асоси қонун амал кардани масъулини ҳавзаҳои интихоботиро таъмин" намояд.
Ҳамчунин, номаҳои шикоятии ҲНИТ, яке аз Ашт дар масъалаи фишор болои фаъолони ҳизбӣ ва дигаре аз Ваҳдат оид ба тарзи имтиҳони номзадҳои маҳаллӣ ва ноком кардани бархе аз онҳо мебошад.