ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дабири кулли СММ Пан Ги Мун аз вазъи сокинони осоиштаи Дебалтсево дар шарқи Украина нигарон аст ва аз пешниҳоди кӯч додани онҳо пуштибонӣ мекунад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии ин ниҳод.
"Дабири кулл аз вазъи шарқи Украина, бавижа шароити сахти сокинони маҳаллии шаҳри Дебалтсево, ки бидуни шароити хуби зиндагӣ мондаанд, сахт нигарон аст", — омадааст дар баёния.
Зикр мешавад, ки дабири кулл аз мавориди гулӯлаборони норӯшан нигарон аст ва "аз ҷонибҳои даргир даъват кард, ки мавзеъоти низомии худро аз манотиқи аҳолинишин канор бубаранд".
"Дабири кулл ба гунаи аъзои ҷамъияти байналмиллалӣ аз пешниҳоди раиси САҲА дар бораи оташбаси муввақатӣ, ки имкон медиҳад сокинони осоишта аз Дебалтсево кӯч дода шаванд, пуштибонӣ мекунад. Вай зикр мекунад, ки ин пешниҳод танҳо тавассути музокирот ва дар сурати хоҳиши ҷонибҳо имконпазир аст", — зикр мешавад дар баёния.
Қаблан раҳбари ҳайати нозирони САҲА дар Украина сафир Эртугрул Апакан даъват кард, ки оташбаси муваққат дар манотиқи Дебалтсево барои кӯч додани сокинони осоишта роҳандозӣ шавад. Ахиран, бо даъвати мушобеҳ раиси феълии САҲА, муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Сербия Ивитса Дачич низ схунаронӣ кард.
Пан Ги Мун мукарраран хост, ки оташбаси доимӣ роҳандозӣ шуда, иқдомоти дипломатӣ ва сиёсӣ рӯйи даст гирифта шаванд. "Ҷонибҳои имзокардаи тавофуқоти Минск ва куллияи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таъмини шароити хотимаи ин даргирӣ бояд муваззаф шаванд", — омадааст дар баёнияие, ки рӯзи чаҳоршанбе пахш шуд.