Ду масъули САҲШ-и Душанбе барои тамаъҷӯӣ боздошт шуданд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қосимова иддао кардааст, ки масъулини зикршуда барои иваз намудани ному насаби писараш 100 сомонӣ гирифта, 150 доллари амрикоии дигар талаб доранд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ду корманди бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Душанберо бо гумони порагирӣ боздошт кардааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Ба иттилои манбаъ, 29 январ ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Қосимова муроҷиат карда, арз доштааст, нисбат ба мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе — Шаҳодат Ҳайдарова ва зертобеаш — Малика Мадаминова чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Қосимова иддао кардааст, ки масъулини зикршуда барои иваз намудани ному насаби писараш 100 сомонӣ гирифта, 150 доллари амрикоии дигар талаб доранд.

Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод, 29 январ Малика Мадаминова, мутахассиси бойгонидории САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми гирифтани 100 доллари амрикоиву 280 сомонӣ аз Қосимова дастгир шуд. Ин ниҳод мегӯяд, феълан нисбати Мадаминова ва раҳбараш Ҳайдарова бо моддаи 324 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0