ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ангора ё рамзи Наврӯз аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ шуд ва минбаъд ҳамчун рамзи ин ҷашн кор бурда мешавад, менависад сомонаи расмии президент.
Ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ҷашн аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода шавад.
"Ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли курраи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст", — навиштааст сомона дар тавсифи рамз.
© Официальный сайт Президента РТСимвол Навруз - 2015

Символ Навруз - 2015
© Официальный сайт Президента РТ