Радаи Украина Януковичро аз унвони президентӣ маҳрум сохт

© Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Украина Виктор Янукович
Президенти Украина Виктор Янукович - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамин ҳол, даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳон дар шарқи Украина идома доранд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Парлумони Украина Виктор Януковичро аз унвони "раисиҷумҳур" маҳрум кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости. Ба тарҳи қонун дар ин бора рӯзи гузаштаи 4-уми феврал аз 281 вакили Верховная Рада (Радаи Боло) 226 нафар раъй доданд.

Бар пояи Қонуни асосии Украина, унвони "раисиҷумҳур" барои сарвари давлат якумрӣ боқӣ мемонад, аммо фақат дар ҳоле, ки ӯ бар асари импичмент аз мақомаш барканор нашуда бошад

Виктор Янукович моҳи феврали соли гузашта, расо баъд аз чаҳор соли дубора дар ин мақом интихоб шуданаш, бар асари эътирозҳои густурда дар Киев аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ ва чанд тан аз мансабдорони воломақоми пешин дар куштори мардуми осоишта айбдор мешаванд. Макони будубоши Виктор Янукович маълум нест.  

Дар ҳамин ҳол, даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳон дар шарқи Украина идома доранд. Рӯзи чаҳоршанбе бар асари таркиши як мушак дар яке аз бемористонҳои шаҳри Донестк дастикам 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

Лентаи хабарҳо
0