Расонаҳо: идораи муҳоҷират ва зиддимухадироти Русия лағв мешаванд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкБинои пулиси Москав. Акс аз бойгонӣ
Бинои пулиси Москав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сурати лағви ин ниҳодҳо, бархе аз кормандони Идораи зиддимухадирот ба суфуфи пулис ва кормандони Идораи муҳоҷират ба бахши шиносномадиҳии ВКД мегузаранд. Ҳалли масоили муҳоҷирати корӣ имкон дорад ба вазорати кор вогузор шаванд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ба манзури коҳиши хароҷот Идораи зиддимухаддирот ва Идораи муҳоҷират (ФМС) лағв мешаванд ва вазоифи онҳо ба ВКД вогузор мешаванд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи "Коммерсант".

Интизор меравад, ки бархе аз маъмуроти зиддимухаддиротӣ ба суфуфи ҷустуҷӯи ҷиноӣ ва кормандони Идораи муҳоҷират ба ҳайати раёсати шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД эъзом мешаванд. Масоили муҳоҷирати кориро имкон дорад бар дӯши вазорати кор ва назорат ба муомилоти қонунии мухаддиротро ба вазорати тандурустӣ вогузор кунанд.

"Ҳоло дар Идораи федероли назорат бар гардиши мухаддироти Русия 34 ҳазор корманд машғули кор ҳастанд. Эҳтимол меравад 27 ҳазор нафари онҳо барканор шуда ва 7,5 ҳазори дигар ба суфуфи ниҳодҳои ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД эъзом шаванд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз "Коммерсант".

Ин амр имкон медиҳад, ки махориҷи будҷа ҳудуди 30 миллиард рубл сарфа карда шавад. Сарфа маъмулан аз барканории раҳбарият ва лағви вазоифи генералӣ ҳосил мешавад.

"Аз Идораи муҳоҷират ба ВКД дар назар аст ҳудуди 19,5 ҳазор корманд эъзом шаванд. Феълан дар ин ниҳод беш аз 40 ҳазор кормандон ва афсарони эъзомшуда аз ВКД ҳастанд", — тавзеъ дод муъовини раиси Кумитаи Дума дар умури амният ва ҷилавгирӣ аз фасод Александр Хинштейн.

Дар навбати худ, ба эътиқоди раҳбари Идораи зиддимухобиротӣ, лағви ниҳоди вай оқибати нохуше ва бадтар шудани вазъи ҷиноӣ дар умумро ба дунбол хоҳад дошт.

Манбаъ дар ин ниҳод ба "Коммерсант" хабар дод, ки тибқи шумориши вазорати молия, натоиҷи иқтисодии лағви Идораи зиддимухаддиротӣ танҳо дар соли 2017 ба даст хоҳад омад, вале мушкил ҳамин ҳоло эҳсос хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳазорон нафар маъмурони Идораи зиддимухаддиротӣ дар хиёбон мемонанд ва ба онҳо аз 2,5 то 4 миллиард рубл бояд ҷубронпулӣ дода шавад. Он нафароне, ки ба суфуфи ВКД эъзом мешаванд, низ бе кор мондашон мумкин аст, зеро дар он ҷо низ коҳиши то 100 ҳазор корманд дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0