Афзоиши теъдоди қурбониёни садамаи ҳавопаймои TransAsia Airways

© REUTERS/Pichi Chuang Амалиёти наҷотдиҳии мусофирони ҳавопаймои TransAsia. 4 феврали соли 2015
Амалиёти наҷотдиҳии мусофирони ҳавопаймои TransAsia. 4 феврали соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Теъдоди қурбониёни суқути ҳавопаймои мусофирбари ATR-72-600, дар Тайван ба 16 нафар расид. Дар ҳавопаймои ширкати TransAsia Airways, ки парвозҳои дохилиро анҷом медиҳад, 58 мусофир ва халабонҳо ҳузур доштанд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни суқути ҳавопаймои мусофирбари ATR-72-600, дар Тайван ба 16 нафар расид. Дар ҳавопаймои ширкати TransAsia Airways, ки парвозҳои дохилиро анҷом медиҳад, 58 мусофир ва халабонҳо ҳузур доштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба навиштаи расонаҳо.

Гуфта мешавад, ки бештари мусофирони ҳавопаймо — сайёҳон аз Чин буданд. Ҳавопаймои ATR-72-600 чанд дақиқа баъд аз парвоз аз фурудгоҳи Тайбэӣ ба пули рӯдхонаи Тзилунг бархӯрд ва суқут кард. Сарнавишти тақрибан 30 нафар маълум нест. Дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ идома доранд.

Ҳавопаймо ба архипелаги Тзинмэн дар гулӯгоҳи Тайван парвоз мекард. Ҳангоми суқут як боли ҳавопаймо ба таксие бархӯрд, ки аз болои пул мегузашт. Бар пояи хабарҳо, баъзе аз қисмҳои ҳавопаймо рӯи об монданд ва аз ин рӯ чанд нафар аз мусофирон тавонистанд, ки худро наҷот диҳанд.

Тобистони соли гузашта як ҳавопаймои дигари TransAsia Airways ҳангоми фуруд омадан ба ҷазираи Пенгу суқут кард — дар он ҳодиса 48 нафар ҷон бохта буданд.

28 декабри соли гузашта як ҳавопаймои ширкати малайзиягии AirAsia, ки бо 162 халабону мусофир аз Индонезӣ ба Сингапур парвоз мекард, ба баҳр сарозер шуд.

Лентаи хабарҳо
0