Омори кушташудагон дар сукути ҳавопаймои Тайван то 12 нафар афзоиш ёфт

© REUTERS/Pichi Chuang Наҷоти мусофирони ҳавопаймои TransAsia. 4 феврали соли 2015
Наҷоти мусофирони ҳавопаймои TransAsia. 4 феврали соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ҳоло дар бораи 16 нафар осебдида иттилоъ ҳаст, сарнавишти 30 нафар норӯшан боқӣ мемонад – мусофирон дар дохили ҳавопаймо банд мондаанд. Ба навиштаи расонаҳо, бархе аз мусофирон худро мустақилона то ба соҳил расонидаанд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Теъдоди кушташудагони сукути ҳавопаймои ширкати ҳавоии TransAsia Airways то ба 12 нафар афзоиш ёфт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Марказии Тайван.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳавопаймои ATR 72, ки аз фурудгоҳи Taipei Songshan Airport ба самти силсилаҷазираҳои Тсзинмэн парвоз кард, бо пуле бархурд карда ба рӯдхонаи Тсзилун уфтод. Дар дохили ҳавопаймо 53 нафар мусофирон ва панҷ сарнишин қарор доштанд.

Дар миёни мусофирон ду кӯдак низ буд.То ҳоло дар бораи 16 осебдидаи ин сонеҳа иттилоъ вуҷуд дорад, сарнавишти 30 нафари дигар норӯшан боқӣ мемонад, зеро бархе аз мусофирон дар дохили ҳавопаймо қарор доранд. Ба навиштаи расонаҳо, бархе аз мусофирон мустақилона худро то ба соҳил расонидаанд.

Вазъи номусоиди ҳаво метавонад далоили ин сонеҳа бошад. Ҳавопаймо моҳи апрели соли 2014 тавлид шудааст ва аз бозрасии ахири фаннӣ 26 январ гузаштааст.

Ин дар ҳолест, ки ин сонеҳаро таҷҳизоти сабти видеоии яке аз мошинҳо сабт кардааст.

Лентаи хабарҳо
0