ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Фирдавс Соҳибназаров, раиси дафтари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, ки номзадияш ба мақоми вакилии парлумон аз рӯйхати ин ҳизб пешниҳод шуда буд, шоми 3 феврал боздошт гардидааст, менависад Радиои "Озодӣ".
Мақомот ӯро дар қазияи "гум шудани 42 ҳазор доллар" дар "Тоҷпромбонк" айбдор медонанд ва бар муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, менависад "Озодӣ".
"Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешавад. Боздошти ногаҳонияш хонаводаро дар ташвиш овардааст ва мо аз мақомот дархост дорем, ӯро озод кунанд", — гуфтааст модари Фирдавс Мория Соҳибназарова.
Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҲСДТ, ки аз ҳуқуқи Фирдавс Соҳибназаров дифоъ мекунад, дар саҳфаи Фейсбукаш навишт, шахсан шоҳиди боздошти ӯ дар бинои Додситонии вилояти Хатлон будааст. Ба қавли Зойиров, боздошти нафари таҳти ҳимояташ бо амри сардори тафтишоти Додситонии вилояти Хатлон — Ф. Султониён ва баъд аз даъвати онҳо барои шинос шудан бо ҷилди охирини парванда сурат гирифтааст.
"Ману зерҳимоям соати 15.00 ба додситонии вилоят рафтем. Ба ошёнаи сеюм ба кабинети Султониён ворид шуда, аз ӯ ҷилди охири парвандаи ҷиноятиро гирифтему шинос шуданро оғоз кардем. Якбора ба мо гуфтанд, ки Соҳибназаров дастгир карда мешавад", — менависад Зойиров.
Боздошти Соҳибназаров дар ҳоле сурат мегирад, ки 31 январи соли ҷорӣ Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли номаи расмӣ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) хоста буд, то номзадии ин узви ҲСДТ-ро ба қайд нагирад. Дар ин нома гуфта шудааст, "Фирдавс Соҳибназаров бар асоси моддаҳои 245, қисми 4, банди "б" (аз они худкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262, қисми 3, банди "в" (қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ба миқдори махсусан калон) муттаҳам мешавад."
Аммо Соҳибназаров қаблан дар суҳбат бо расонаҳо парвандаашро бофта ва монеагузории мақомот барои роҳ наёфтани вай ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон дониста буд.