Дар Ӯрдун ду террорист қатл шуда ва ҷаҳор нафари дигар дар навбатанд

© REUTERS/StringerҲамоиши эътирозӣ дар Ӯрдун барои қатли сарнишин аз сӯйи ДИ
Ҳамоиши эътирозӣ дар Ӯрдун барои қатли сарнишин аз сӯйи ДИ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти додгоҳии шоҳигарии Ӯрдун қаблан ваъда дода буданд, ки шаш нафар террористҳоро, ки бо “Давлати исломӣ” иртибот доштанд, аз ҷумла Соҷида ар-Ришауӣ, ки ӯро тундгароён мехостанд ба сарнишини нерӯҳои ҳавоии шоҳигарӣ Муаза ал-Қасабеҳ иваз кунанд, қатл хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар посух ба пахши навори видеоии қатли сарнишини ҳавопаймо Муаза ал-Қасабеҳ, дар Ӯрдун рӯзи чаҳоршанбе ду нафар аз шаш террористҳоро, ки ба иртибот бо "ДИ" муттаҳам шудаанд, қатл карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Қаблан расонаҳо гузориш дода буданд, ки мақомоти шоҳигарӣ дар сададанд шаш нафар террористҳоро, ки бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" иртибот доранд, аз он ҷумла Соҷида ар-Ришауӣ, ки онро тундгароён мехостанд ба сарнишини ҳавопаймо иваз кунанд, қатл кунанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои амниятии Ӯрдун ба хабаргузории Рейтер хабар дод, ки хонуми террорист ва яке аз ҳамроҳонаш аллакай қатл шуданд ва дар зудтарин фурсат тақдири боз чаҳор нафар маргҷӯ ҳамин хел хоҳад буд.

Рӯзи сешанбе ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии ДИ навории видеоии қатли сарнишини нерӯҳои ҳавоии шоҳигариро пахш карданд. Дар ин навор дида мешавад, ки террористҳо сарнишонро дохили як қафас карда ва ӯро зинда ба зинда сӯзониданд. Мақомоти Ӯрдун таъйид карданд, ки сарнишини нерӯҳои ҳавоии шоҳигарӣ, ки ба дасти ҷангҷӯёни ДИ асир афтод, 3 феврал кушта шудааст.

Ин сарнишин замоне асир афтод, ки ҳавопаймои вай дар фазои шаҳри Ракка дар авохири декабр сарозер шуд.

Фаъолияти густурдаи ДИ, ки қаламрави бештари Ироқ ва Сурияро тасарруф кардааст, мушкили аслии ҷаҳонии соли 2014 буд. Ин гурӯҳ, ки тибқи иттилоъи Идораи марказии иктишофии Амрико ҳудуди 30 ҳазор ҷангҷӯ дорад, дар манотиқи забтшуда хилофат эълом карда ва талош дорад фаъолияти худро тавсеъа бидиҳад.

Ҷабҳаи муштараки муқобала бо ДИ вуҷуд надорад: бо ин гурӯҳ нерӯҳои давлатии Сурия ва Ироқ, эътилофи байналмиллалӣ бо раҳбарии ИМА (феълан танҳо бо зарбаҳои ҳавоӣ маҳдуд мешавад) ва ҳамчунин курдҳои ироқӣ ва суриягӣ мубориза мебаранд. Дар пайи амалиёти низомӣ чанд ҳазор аз сокинони осоишта кушта шуда, садҳо ҳазор гуреза шуданд ва чанд ҳазори дигар дар дасти ДИ гаравгон шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0