Мусодираи 8 кило афюн аз як сокини Ҳисор

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкБоздошти гумонбар дар куштор. Акс аз бойгонӣ
Боздошти гумонбар дар куштор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони бахши фаврӣ-ҷустуҷӯии ВКД аснои як амалиёти вижа дар манзили яке аз сокинони ноҳияи Ҳисор беш аз 8 кило маводи мухаддира дарёфт карданд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Беш аз 8 кило афюн дар манзили истиқоматии сокини 55-солаи Ҳисор дарёфт шуд, иттилоъ медиҳад ВКД.

Рӯзи 3-юми феврал бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир Ислом Юсуфов, сокини ноҳияи Ҳисор боздошт гардидааст, иттилоъ медиҳад манбаъ.

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Юсуфов Ислом соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳамчун гумонбар дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. Дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии дастгиршуда 8 килою 660 грамм маводи нашъадори "афюн" дарёфт ва мусодира карда шуд",- менависад сарчашма.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0