Кабирӣ дар телевизион: “хиёнат накунед”

© Sputnik / Амир ИсаевМуҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вай ҳамчунин аз мақомот даъват кард, ки болои номзадҳо ва гуруҳҳои таблиғии ҲНИТ фишор наоранд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни суханронии интихоботиаш тариқи Шабакаи аввал, ки шоми 3 феврал сурат гирифт, гуфт, "ягон мансаб доимӣ нест ва мақомот набояд ба хотири мансаб ба интихобот хиёнат кунанд".

"Хиёнат кардан ҳатто ба як овоз ҳам ин хиёнат кардан ба миллат ҳисоб мешавад. Ҳатман қонуншиканиву хиёнат рӯзе ҷавоб дорад. Аз муаллимони муҳтарам, кормандони фарҳанг, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ҳамватани шумо як хоҳиш дорам: биёед дигар миллатро тақсим ба худиву бегона накунем, биеёд ҳар як овозро ҳамон тавре ки мардум раъй додааст, дуруст ҳисоб кунем. Агар ҲНИТ раъйи бештар гирифт ягон мусибате барои ҳич кас нахоҳад шуд", — афзуд Кабирӣ.

Вай ҳамчунин аз мақомот даъват кард, ки болои номзадҳо ва гуруҳҳои таблиғии ҲНИТ фишор наоранд.

"Инҳо ҳам ҳамватанони шумо ҳастанд. Мову шумо ҳама аз як миллат, аз як ватан ҳастем. Дуруст аст ки шумо имрӯз дар масъулият ҳастед, дар мансаб ҳастед, дигарон нестанд. Дунё дар як ҷо намеистад. Тағйироту таҳавуллотҳо зиёданд. Шумо бояд тарзе рафтор кунед, кореро анҷом диҳед, ки худатон пушаймон нашавед", — гуфт раиси ҲНИТ.   

Вай ҳамчунин дар идомаи суҳбаташ гуфт, мақомот набояд миллатро ба худиву бегона ҷудо намоянд.

"Доштани парлумони бисёрҳизбӣ, дорои як чанд фраксия нишонаи давлати қавӣ ва демократӣ аст. Ҷойи ягон ҳизби сиёсӣ, сиёсатмадор ё мансабдор кам намешавад, танг нахоҳад шуд аз он ки агар Ҳизби наҳзат як фраксияи қавӣ дар парлумон дошта бошад", — афзуд Кабирӣ.

ҲНИТ ба интихоботи 1 март 27 номзад аз рӯйхати умумиҷумҳуривӣ, 22 номзади худпешбар ва 600 вакили маҳалливу ҳудуди 150 вакили шаҳриву вилоятӣ пешниҳод кардааст.

Кабирӣ мушаххасан барномаи пешазинтихоботии ҳизбашро муаррифӣ накард ва гуфт, интихобкунандагон метавонанд барномаи онҳоро аз "брошюраҳо" мутолиа кунанд.

Cуҳбати пешазинтихоботии Устод Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаи 1 from Бобочон Каюмов on Vimeo.

Лентаи хабарҳо
0