Финляндия барои харидории таҷҳизоти геофизикӣ ба ҶТ кӯмак мекунад

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкКӯҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Кӯҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкории дуҷонибаи геологҳои Тоҷикистону Финляндия тақвият меёбад. Ҳамтоёни хориҷии геологҳои тоҷик ҷиҳати дастрас кардани таҷҳизот ба онҳо кӯмак мерасонанд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik.  Масоили марбут ба дастрас кардани таҷҳизотҳои муосири геофизикӣ амсоли "МЭРИ-24" ва муҳаррики тамғаи "АСТРА-100" дар мулоқоти роҳбарони идораҳои геологии Тоҷикистону Финляндия баррасӣ гардид, менависад сомонаи Саридораи геологияи ҶТ.

Вохӯрии сарварони хадамоти геологии ду кишвар ахири ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе баргузор шуд.

"Мутахассисони бахши геологияи ҳар ду кишвар чанд сол боз дар мавриди созмон додани портали интернетии минтақавии геологӣ ҳамкорӣ доранд",- иттилоъ медиҳад сарчашма.

Дар нишасти мазкур намояндаи Хадамоти геологии Финляндия Юкка Мултала қайд намуд, ки дар давоми ҳафтаи корӣ бо мутахассисони соҳаи гидрогеология ва геофизика вохурӣ гузаронида, масоили боқимондаро баррасӣ хоҳад кард 

"Дастрас намудани таҷҳизотҳои геофизикӣ барои гузаронидани корҳои муҳандисӣ — геофизикӣ, аз қабили «МЕРИ-24» ва генератори «АСТРА-100», омӯзиши обҳои зеризаминӣ, рақамикунонии харитаҳо ва тартиб додани феҳристи чоҳҳои обҳои зеризаминӣ аз масоили авлавиятдошта маҳсуб мегардад",-иброз дошт Мултала.

Ҳамчунин, оид ба қарордоди қабулшуда аз 11-14 декабри соли 2014 дар шаҳри Истамбули Туркия барои гузаронидани омӯзишҳои геофизикии сетарафа байни геофизикҳои Афғонистон, Финляндия ва Тоҷикистон дахл карда шуд.

Ба қавли ҷаноби Юкка Мултала, барои рақамикунонии харитаҳо дар курсҳои омӯзиши GIS ва ARGIS 2 мутахассиси гидрогеолог аз Тоҷикистон равон мешаванд  

Лентаи хабарҳо
0