Таъсиси маркази фарҳангии тоҷикон дар Русия

© Предоставлено Nicolas PernotҲунари бонувон. Акс аз бойгонӣ
Ҳунари бонувон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Твери Русия ҳамоиши байниминтақавӣ барои таъсиси маркази русиягии фарҳангии тоҷикон бо ширкати намояндагони ҷамъияти тоҷиктаборон аз бист минтақаи Русия баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ҳадафи аслии "Маркази русиягии фарҳанги тоҷикон", ки аз сӯйи намояндагони ҷамъияти тоҷикони 20 минтақаи Русия таъсис шудааст, аз байн бурдани маҳалгароӣ аст, хабар медиҳад радиои Озодӣ.

Муқим Майбалиев, раиси феълии ҷамъияти вилоятии "Фарҳанги тоҷикон" дар шаҳри Твер раҳбари ин марказ интихоб шуд.

"Ҳамаи ҷамъиятҳо назари яксон доранд, ки бояд фарҳанги баланди таърихии тоҷиконро дар Русия нишон дод ва аз маҳалгароӣ ҷилавгирӣ шавад. Ҳоло дар Русия ҷамъиятҳое ҳастанд, ки бар пояи арзишҳои маҳалгароӣ таъсис шудаанд. Мо бояд худро аз ин амр дур созем. Маркази мо умумирусиягӣ хоҳад буд", — гуфт Майбалиев.

Вай зикр кард, ки созмон дар оянда на танҳо бо ҷамъиятҳои маҳаллӣ, балки бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва ниҳодҳои давлатии Русия дар маҳаллот ҳамкориҳои густурда хоҳад дошт.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, бештаре аз раисони сабти ном шудаи созмонҳои ҷамъиятӣ ба тими худ чанд нафар аз пайвандони худро ҷалб карда ва ба ҳамин наҳва фаъолият доранд.

"Аз ин амр бояд ҷилавгирӣ шавад. Марокизи фарҳангӣ бояд воқеъӣ бошанд ва тавонанд эътибори кишварро боло баранд", — зикр кард Эгамзод.

Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё таъсиси Маркази умумирусиягии фарҳангиву илмии тоҷикон метавонад мухолифати миёни ҷамъиятҳои тоҷиктаборон ё миёни онҳо ва сафорати Тоҷикистонро аз байн барад.

Раиси созмони ҷамъиятии Умумирусиягии "Созмони тоҷикони Русия" Абдулло Давлатов таъкид кард, ки бо маркази ҷадид танҳо дар сурате ҳамкорӣ хоҳад кард, ки агар фаъолияти вай ба манфиати ҳамаи тоҷикони муқими Русия бошад.

Бо ин вуҷуд, чунин ба назар мерасад, ки таъсиси ниҳоди ҷадид муҳим аст ва ин марказ барои иҷрои барномаҳои худ метавонад аз кӯмаки молии тоҷирони тоҷик дар Русия истифода кунад. Вале тибқи қавонини Русия на ҳар як ҷамъият метавонад аз тоҷирон ва ё аз ҳукумати худ кӯмаки молӣ бигирад.

Лентаи хабарҳо
0