ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Мунтахаби Молдив, ки рӯзи 26-уми марти соли равон бо Тоҷикистон бозии дӯстона мегузаронад, сармураббияшро иваз кард, менависад сомонаи ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷои Драго Мамичи хорват мутахассиси булғор Велизар Попов таъин шуд. Ин мураббӣ 38 сол дошта, қаблан дар вазифаҳои сармураббии дастаҳои «Черно Море» (Булғористон), «Костулен» (Малдова), «Ню Радинат» (Молдив), «Сур» (Уммон) ва «Сулханбури»-и (Тайланд) фаъолият кардааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки чанде пештар Федератсияҳои футболи Тоҷикистону Молдив ҷиҳати баргузории бозии дӯстонаи мунтахабҳои миллии ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Бозӣ рӯзи 26-уми март дар Малӣ доир мегардад.