ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раҳбари Ҷумҳурии худгардони мардумии Донетск Александр Захарченко ба хабарнигорон гуфт, ки эъзоми умумӣ дар ҷумҳурӣ ихтиёрӣ буда, то фасли баҳор ҷузъҳои ҷадид аз омӯзиши низомӣ мегузаранд, хабар медиҳад РИА Новости.
Раҳбарияти Ҷумҳурии худэъломи мардумии Донетск рӯзи душанбе аз оғози даъвати умумӣ эълом карданд. Даъват ихтиёрӣ хоҳад буд, гуфт раҳбари ҶМД.
Даъвати умумӣ посухе буд ба Киев барои тақвияти нерӯҳо дар минтақаи Донетск.
Ихтиёрон, ки ба суфуфи гурӯҳҳои ҷудоихоҳони ҶМД эъзом мешаванд, нахуст аз давраҳои омӯзиши низомӣ гузашта сипас то қарори махсус дар захоир қарор хоҳанд дошт.Интизор меравад, ки ин иқдом то ним сол тӯл мекашад.
"Мо нақша надорем, ки дар зудтарин фурсат теъдоди зарурии ихтиёронро ҷалб созем. Ин иқдом қадам ба қадам роҳандозӣ хоҳад шуд. Мо нақша дорем, ки онро дар тӯли ним сол анҷом бидиҳем", — гуфт ба хабаргузорӣ намояндаи раҳбарияти ҷудоихоҳони ҶМД.
Тибқи тавзеҳоти вазорати дифоъи ҶМД, барои дар даст нигаҳ доштани манотиқи аз сӯйи ҷудоихоҳон забтшуда, бояд панҷ гурӯҳ бо теъдоди ҳудуди 30 ҳазор нафар эъзом шавад.
Вокуниши Киев
Мақомоти Киев даъвати умумӣ дар ҶМД-ро вокуниш ба шикасти ҷудоихоҳон дар Дебалтсево унвон карданд, менависад хабаргузорӣ.
Намояндаи расмии амалиёти вижаи ниҳодҳои давлатӣ Андрей Лисенко гуфт: "Ин амр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар онҳо нерӯи инсонӣ анҷом меёбад ва онҳо натавонистанд Дебалтсеваро ишғол кунанд, ҳарчанд ин шаҳр нуқтаи стратегии роҳи оҳан аст".
Ба эътиқоди вай, Дебалтсево дар муҳосираи ҷудоихоҳон нест ва нерӯҳои украинӣ дар он ҷо мавзеъи худро ҳифз мекунанд.
Шаҳри Дебалтсево дар шарқи вилояти Донетск, он ҷое ки нерӯҳои бузурги низомиёни украинӣ, тибқи иттилоъи мухталиф, аз 8 то 10 ҳазор нафар, ҷамъ омадаанд, қарор дорад.
Қаблан, раҳбари ҶМД Алексей Захарченко дар бораи муҳосираи низомиён дар минтақаи Дебалтсево хабар дода аз низомиёни украинӣ хоста буд, ки бар ивази озодии худ силоҳашонро таслим созанд.