100 шикояти Ҳизби наҳзат ба КМИР

© Официальная страница ПИВТ в FacebookҶаласаи ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шикоятҳои ҲНИТ нақзи қонунҳои интихоботӣ, фишор болои аъзои ин ҳизб ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, навиштааст сомонаи Nahzat.tj

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуруъ аз оғози маъракаи интихоботи парлумонӣ бештар аз 100 шикояташро ба Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристодааст, мегӯяд сухангӯи ин ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмонов.

Шикоятҳои ҲНИТ нақзи қонунҳои интихоботӣ, фишор болои аъзои ин ҳизб ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, навиштааст сомонаи Nahzat.tj

Зимни ҷаласае, ки дар қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Душанбе бо ҳузури наздики 1000 нафар аъзо ва номзадҳои ҲНИТ барпо шуд, вазъи раванди интихобот баррасӣ гардидааст.

"Бо мушоҳидаи ин ҳама қонуншиканиҳо аъзои фаъоли ҳизб пешниҳод карданд, ки ҷаласае доир кунем ва идомаи интихоботро баррасӣ намоем. Чун мушоҳида дорем, ки ваъдаи шаффофияти интихобот дар навоҳӣ иҷро намешавад. Рӯз то рӯз шикоятҳо аз болои мақомоти маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бахусус касоне, ки масъулияти интихоботро дар маҳалҳо бар душ доранд, зиёдтар мешавад", — гуфтааст раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ афзудааст, бо таҳлил ва баррасии вазъияти феълӣ ҳизби наҳзат шеваи муборизаи интихоботии худро таъйин хоҳад кард.

Ба интихоботи парлумонӣ, ки 1 март барпо мешавад, ҳизби наҳзат аз рӯйхати ягонаи ҳизбӣ 27 номзад пешниҳод кардааст.

Лентаи хабарҳо
0