ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар фасли баҳор анҷоми чанд амали террористӣ дар Ӯзбакистонро ҳадаф доштааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маъмури Хадамоти амнияти миллии (ХАМ) Ӯзбакистон Алишер Ҳамдамов.
"Аъзои "Давлати исломӣ" дар баҳори соли 2015 анҷоми чанд амали террористӣ дар қаламрави Ӯзбакистонро ҳадаф доштанд ва ба ин далел мо ҳифозати марзро тақвият додем", — гуфт Ҳамдамов, ки онро рӯзи сешанбе расонаи интернетии centralasiaonline.com иқтибос овардааст.
Вай зикр кардааст, ки иттилои Идораи амният дар бораи аъмоли тарҳрезишудаи террористӣ бар пояи баёноти аъзои "Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон" ва ҳамчунин афроди дар моҳҳои ноябр ва декабр боздоштшуда дар Ӯзбакистон, ки ба "Давлати исломӣ" иртибот доштанд, ба даст омадааст.
Ба гуфтаи Ҳамдамов, атбоъи боздоштшудаи Ӯзбакистон омӯзиши низомиро дар Покистон дар соли 2013 гузашта ва сипас соли 2014 ба манзури ҷалби ҷавонон ба суфуфи "ДИ" ба Ӯзбакистон баргаштанд.
ХАМ иддаъо дорад, ки анҷоми аъмоли террористӣ дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ (29 март) дар нақша будааст.
Қаблан, бархе аз коршиносон гузориш дода буданд, ки раҳбарияти "ДИ" тасмим гирифтааст барои ташаннуҷи вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа дар водии Фарғона (манотиқи ҳаммарзи Ӯзбакистон ва Қирғизистон) бо истифода аз нерӯи ҷангҷӯёни зодаи ин кишварҳо 70 миллион доллар ихтисос додааст.
"ДИ" соли 2006 дар Ироқ дар пайи ба ҳам омадани ёздаҳ гурӯҳи тундгарои исломӣ ба раҳбарии гурӯҳи маҳаллии "Ал-Қоида" ташкил шудааст. Теъдоди ҷангҷӯёни ин созмон ҳудуди даҳҳо ҳазар нафар аст ва васоили сангини низомӣ дар ихтиёр доранд. Онҳо фаъолияти густурдаи тундгароиро анҷом медиҳанд ва дар вуқӯъи аъмоли зиёди террористӣ алайҳи низомиёни амрикоӣ ва НАТО дар қаламрави Ироқ муҷрим дониста шуда, ҳамзамон алайҳи низомиёни асиршудаи ироқӣ ва сокинони осоишта ва таъсисот аъмоли ваҳшиёна анҷом медиҳанд.
Тибқи иттилои созмони ғайридавлатии The International Crisis Group (ICG, Гурӯҳи байналмиллалии бӯҳрон) дар ҷангҳо дар суфуфи "ДИ" ҳудуди ҷаҳор ҳазор нафар атбоъи кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд.