“Газпром” ба Қирғизистон беш аз $500 миллион сармоягузорӣ мекунад

© Официальный сайт правительства КыргызстанаҶаласаи ҳукумати Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи ҳукумати Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нақшаи таъмини Қирғизистон бо газ таъсиси захойир, ки интиқоли газ ба ҷануби кишвар ва таъмини манотиқи ҷудогонаи кишвар бо газро дар назар дорад.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тарҳи сармоягузории ширкати қирғизистонии "Газпром Қирғизистон" дар солҳои 2015-2017 ихтисоси 35 миллиард рубл ё $506 миллионро, ки 1,7 маротиба бештар аз нақшаи панҷсола аст, дар назар дорад, хабар медиҳад сойти Gazprom-international.

"Нақшаи саросарии бо газ таъминкунии Ҷумҳурии Қирғизистон то соли 2030" аз сӯйи ширкати "Газпром" таҳия шуда ва дар авохири моҳи гузашта аз сӯйи Алексей Миллер, раҳбари ширкат ба ҷаласаи ҳукумати Қирғизистон, ки ба рушди ин арса дар кишвар бахшида шуда буд, пешниҳод гардид.

"Ин санад бозсозии кулл ва муосир сохтани масирҳои интиқоли газ дар Қирғизистон ва ҳамчунин таъсисоти нигаҳдории зеризаминии он ва тақсими газро дар назар дорад. Дар чорчӯби Нақшаи кулл зарфияти интиқоли газ ба ҷануби кишвар сохта шуда, манотиқи ҷудогонаи кишвар бо газ таъмин мешаванд", — хабар медиҳад ширкат.

Зикр мешавад, ки "Газпром" қабл аз мӯҳлат ӯҳдадории худро, ки зимни ворид шудан ба бозори нази Қирғизистон қабул карда буд, иҷро мекунад.

"Иҷрои Нақшаи кулли таъмини газ — тарҳи бузургест, ки ба таври қобили тавваҷӯҳ амнияти ироаи газ ба муштариёнро таъмин мекунад. Дар ҳамин ҳол мизони бо газ таъмин шудани кишвар дар соли 2010 аз 22% то 60% афзоиш меёбад" — гуфт Миллер зимни суханронии худ дар ҷаласаи ҳукумати Қирғизистон.

Дар поёни ҷаласа нахуствазири Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоомарт Оторбоев ва раиси ширкати "Газпром" Алексей Миллер дар заминаи ҳамкорӣ дар бахши тавсеаи бозори гази табиӣ ҳамчун маводди сӯзишворӣ дар қаламрави Қирғизистон имзо карданд, хабар медиҳад сойти ҳукумати Қирғизистон.

Соли 2014 ширкати "Газпром" ва ширкати "Қирғизгаз" дар бораи хариду фурӯши 100% саҳмияи "ҚирғизгазПром" (сипас ба "Газпром Қирғизистон" табдили ном кард) тавофуқ карданд, ки ин ширкат воридкунанда ва молики аслии хутути интиқоли газ дар кишвар мебошад.

Соли 2007 "Газпром" ва ҳукумати Қирғизистон дар бораи ҷустуҷӯи захоир газ тавофуқ карданд, ки дар чорчӯби он "Газпром" барои умури иктишофӣ дар конҳои Кугарт ва Майли сӯи Шарқӣ — 1Y муҷҷавиз пайдо кард. Ин тарҳи иктишофиро ширкати Gazprom International, танҳо ширкати иҷрогари тарҳҳои "Газпром" дар хориҷ аз Русия анҷом медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0