ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Маскав ба муҳоҷирони корӣ ниёз дорад, зеро теъдоди аҳолии қобили кор дар соли 2025 ба як миллион нафар коҳиш меёбад, иқтибос овардааст РИА Новости аз суханони раҳбари бахши сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахти ФР Максим Решетников.
Тибқи муқаррароти ҷадиди муҳоҷират дар Русия, ки аз аввоили соли ҷорӣ роҳандозӣ шуд, ҳамакнун муҳоҷирон муввазафанд ба ҷойи муҷҷавизи кор патент дарёфт кунанд. Феълан, дар Маскав арзиши патент чаҳор ҳазор рубли русӣ барои як моҳ аст.
"Теъдоди сокинони қобили кор дар Москав дар соли 2025 ба як миллион нафар коҳиш меёбад. Мо чунин арқомро на ҳама вақт ба худ изҳор медорем, вале воқеъияти вазъи демографӣ чунин аст. Сиёсати муҳоҷират — булҳавасӣ нест, ин зарурати дарозмуддат мебошад", — гуфт Решетников дар нишасти хабарии рӯзи душанбе.
Вай бар ин назар аст, ки тағйирот дар қонунгузории муҳоҷират ба суди сокинони Маскав аст. Зеро ҳамакнун барои корфармоён ҷалби сокинони пойтахт ва муҳоҷирони кории хориҷӣ ба кор ҳамсон аст ва ҷалби муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ акнун манфиатовар нест.
"То ҳол барои корфармо ҷалби муҳоҷири корӣ беҳтар буд, зеро ӯро расман сабти ном кардан зарур набуд… Албатта, теъдоди муҳоҷирон коҳиш ёфта, ҷойҳои корӣ барои сокинони Русия озод мешаванд. Ин ҳамон ҳадафе буд, ки қонунгузорон онро дунбол мекарданд. Ва набояд ба таҳлука афтод, ки теъдоди муҳоҷирон 10-20% коҳиш ёфтааст, бале, коҳиш ёфт, вале ин амр ба иқтисод ҳеч хатаре надорад", — тавзеъ дод Решетников.