Тайи як ҳафтаи ахир беш аз 20 ҳазор даъватшавандаи украинӣ ба ФР омад

© Sputnik / Евгений Котенко / Гузариш ба медиабонкДаъват ба хизмати ҳарбӣ дар Украина
Даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Украина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон дар қаламрави Русия ҳудуди дуюним миллион шаҳрвандони Украина қарор доранд, ки аз ин шумора беш аз як миллиони онҳо мардони синну солашон ба хизмати ҳарбӣ мутобиқ мебошанд.

 

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тайи як ҳафтаи ахир беш аз 20 ҳазор даъватшавандаи украинӣ ба ФР омадааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба хабари дафтари матбуотии ХФМ Русия.

Теъдоди зиёди шаҳрвандони Украина бо сабаби имзои фармони нави Петр Порошенко, райисҷумҳури он кишвар дар бораи даъват ба суфуфи артиш ба Русия ҳиҷрат мекунанд. Ба иттилои Хадамоти федералии муҳоҷират айни замон дар қаламрави Русия беш аз як миллион даъватшавандаҳои украинӣ ба сар мебаранд.

“Ҳоло дар ФР беш аз 2,5 миллион сокинони Украина сабти ном шудаанд, аз ин 1 миллиони онҳо шаҳрвандони синну солашон ба хизмати ҳарбӣ мувофиқ аст. Тайи як ҳафтаи ахир бошад, 20 ҳазор даъватшавандаи украинӣ ба Русия ворид шудааст”,- омадааст дар иттилоия.

Парлумони Украина моҳи гузашта барномаи ҷалби 100 ҳазор сарбоз ба сафи нерӯҳои мусаллаҳро тасвиб кард. Тайи чанд ҳафтаи гузашта ҷанг дар шарқи Украина авҷ гирифтааст ва баъди он ки музокироти сулҳ байни ду тараф рӯзи 31-уми январ ба ҷое нарасид, умедҳо аз фурӯ нишасти шиддати авзоъ камтар шудааст. Ҷудоиталабон дар вилоятҳои Донетск ва Луганск амалиётро тавсиа дода, шаҳри бузурги бандарии Мариуполро ишғол карданд ва ба нимҷазираи Қрим наздик шуданд.

               

 

Лентаи хабарҳо
0