Андрей Правов, шореҳи ХБИ "Русия имрӯз"
Гурӯҳҳои ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (ДИ) дар Афғонистон ва дар марз бо кишварҳои ҳамсуд — Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳузур пайдо кардаанд. Ва ин амр, шояд, натоиҷи аслии амалиёти 13 солаи НАТО дар Афғонистон бошад.
Ҳамакнун дар Афғонистон ҳам толибон ҳастанду ҳам ыангиёни ДИ
Ҷунбиши "Толибон", ки алайҳи он амалиёти НАТО равона шуда буд, шикаст нахӯрда ва баръакс тақвият ёфтааст. Гузашта аз ин, дар Афғонистон нерӯҳои боз ҳам тундгаротари исломгароён ва террористон арзи ҳастӣ мекунанд: дар моҳи январ дар ин ҷо гурӯҳҳои нахустини ДИ (то ҳол онҳо маъмулан дар қаламрави Ироқ ва Сурия фаъолият доштанд) ҳузур пайдо карданд. Нахустин вилояти Афғонистон, ки дар он ҷо ҷангҷӯёни ДИ пайдо шуданд, вилояти Ҳилманд дар ҷануби кишвар аст.
Вале на нерӯҳои бритониёӣ ва на сарбозони афғон, ки бо онҳо муштарак мечангиданд, натавонистанд амнияти ин минтақаро таъмин кунанд. Дар Ҳилманд назорати вазъ дар дасти толибон буд ва ҳамакнун рӯшан шуд, ки дар он ҷо ҷангҷӯёни ДИ низ пайдо шудаанд.
Дар авохири моҳи январ гурӯҳҳои ДИ дар вилояти Қундуз, дар наздикии марз бо Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳузур пайдо карданд. Дар манотиқи марзӣ гурӯҳҳои зиёди мусаллаҳ фаъолият доранд, ки на ҳамаи аз онҳо бо ҷунбиши "Толибон" иртибот доранд. Он ҷо гурӯҳҳои мусаллаҳи Ҳизби исломии Афғонистон ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, ҷунбиши исломии Туркистон ва ғайра ҳастанд. Акнун боз ҷангҷӯёни ДИ.
Решаи ваҳшонияти ҷангҷӯёни ДИ
Ҷангҷӯёни ДИ — мусалмонони суннимазҳаб мебошанд, ки алайҳи мухолифони асрии тафсири худии Қуръон — шиъамазҳабҳо дар ыанг мебошанд. Ва боз онҳо мухолифи "беадолатии Ғарб" дар Ховари Миёна мебошанд. Дар як соли ахир мо дар бораи фаъолияти онҳо зиёд огаҳ шудем. Ин ҳам бошад, сарҳои ҷудокардаи гаравгонон, қатли оммавии сарбозони артиши Башор Асад дар Сурия, таъсиси низоми сангини "хилофат" дар манотиқи забтшудаи Сурия ва Ироқ.
Ман то ҷое интиқоди мусалмонони Ховари Миёна аз сиёсати кишварҳои ғарбӣ дар минтақаи онҳоро, ки "беадалотии ғарбӣ" унвон кардаанд қабул дорам: гулӯлаборони Ироқ ва Либия, тирборон шудани рустоҳои Афғонистон ва Покистон, инқилобҳои "баҳори арабӣ", ки бо мусоидати мушовирони ғарбӣ сурат гирифтаанд.
Вале вақте гарвгонҳои ба дасти ДИ ногаҳон асир афтодаро дар назди мардум сар мебуранд — ин зиёдравӣ аст.
Кӣ қавитар аст?— ДИ ё "Толибон"
Равобити ин ду созмони террористӣ минбаъд чӣ гуна сурат мегиранд, ҳоло норӯшан аст.
Аз лиҳози ақидатӣ онҳо метавонанд талошҳои худро муштаракан анҷом диҳанд. Вале ин амр дар оғоз метавонад рух диҳад, агар аслан рух бидиҳад. Толибон — нерӯи маҳаллӣ аст ва мукарраран изҳор доштанд, ки қасд доранд, ки дар кишвари худ танҳо худашон раҳбарӣ кунанд ва бегонагонро роҳ нахоҳанд дод.
Наҳваи дигари тавсеъаи вазъ — даргирӣ миёни ДИ ва толибон аст. Амалиёти низомӣ дар ин вазъ метавонад мукарраран Афғонистонро пора-пора кунад.
Нерӯи кадоме аз ин ҷунбишҳо бештар аст? Ба далоили маълум баҳодиҳии дақиқ дар ин замина душвор аст. Вале бояд тазаккур дод, ки барои таблиғи аҳдофи ДИ дар Афғонистон замина вуҷуд дорад. Ҷунбиши "Толибон" бошад ахиран зиёд яксон нест ва дар моҳҳои ахир вай тика-тика шудааст. Ҳамзамон тундгароии мазҳабӣ низ рушд мекунад. Равобити байниқавмӣ дар Афғонистон низ доимо содда набуд. Мубаллиғони кордон дар ин замина метавонанд шикаст хӯранд.
Чанд ривояти арзи ҳастӣ кардани ДИ ва ҷунбиши "Толибон" вуҷуд дорад. Маъмулан гуфта мешавад, ки дар таъсиси ин ду гурӯҳ амрикоиҳо даст доранд. Мусаллам аст, ки амрикоиҳо натавонистанд бо толибон созиш кунанд. Дар мавриди ДИ дар ин бора ҳатто ҳарф задан ҳам иштибоҳ мебошад.
Вале даргирӣ миёни ин ду гурӯҳ ба суди амрикоиҳо хоҳад буд ва баъид нест, ки онҳо дар ин замина талошҳое анҷом хоҳанд дод.
Агар дар ниҳоят ДИ ва "Толибон" вориди даргирӣ шаванд, пас нерӯи пирӯз суфуфи худро аз ҳисоби мағлубшудагон тақвият хоҳад дод.
Пас дар ин сурат ДИ қасди ба шарқ, ба Покистон, ки силоҳи атомӣ дорад, рафтанро намекунад? Дар он ҷо низ авқоми мухталифи сокинон ҳаст ва дар он ҷо низ мизони бесаводӣ дар миёни сокинони рустоӣ баланд мебошад. Ё ба шимол, ба мо наздиктар?