Маҳкумияти бародар ва наздикони “Устод Муродулло” дар Русия

© Sputnik / Евгений БиятовНа скамье подсудимых. Архивное фото
На скамье подсудимых. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин се маҳкумшуда бародар ва наздикони Алимурод Маханов, маъруф бо лақаби “Устод Муродулло”, ки соли 2013 дар Тоҷикистон бо гумони тарконидани мақомоти интизомӣ боздошт шуда буд, ҳастанд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳукми се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар узвияти "Ҳизби исломии Туркистон" гунаҳкор дониста мешаванд, эътибори қонунӣ пайдо кард, мегӯяд додситонии кишвари Хабаровски Федератсияи Русия.

Дар куштори Толмачев тоҷикон муттаҳам мешаванд

Ин се маҳкумшуда бародар ва наздикони Алимурод Маханов, маъруф бо лақаби "Устод Муродулло", ки соли 2013 дар Тоҷикистон бо гумони тарконидани мақомоти интизомӣ боздошт шуда буд, ҳастанд.

Ба иттилои манбаъ, сар аз имрӯз, 2-юми феврал ҳукми додгоҳ алайҳи се шаҳрванди Тоҷикистон; Абдукарим Сатторов, Маҳмадсолеҳ Маханов ва Алишер Давлатов эътибори қонунӣ пайдо кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳи Хабаровск, ки ахиран Додгоҳи Олии Русия низ онро бетағйир гузошт, Абдукарим Сатторов ба 4 солу 2 моҳ, Маҳсмадсолеҳ Маханов ва Алишер Давлатов ба 4 солу се моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуданд.

Собит шудааст, ки маҳкумшудагон узви "Ҳизби исломии Туркистон" буда, дар марказҳои махсуси Покистон таълим гирифтаанд.

"Тафтишот муайян кард, ки онҳо дар Хабаровск ба ҷалби ҷавонони дигар ба созмону ҳаракатҳои террористӣ машғул шуда, онҳоро ба марказҳои махсуси террористӣ равон мекардаанд", — омадааст дар сомона.

Ҳукми додгоҳ дар нисбати ин шаҳрвандон ҳанӯз дар 15 сентябри соли 2014 содиршуда, аммо эътибори қонунӣ пайдо накарда буд, менависад сомонаи русии Губерния онлайн. Он замон яке аз муттаҳмон — Абдукарим Сатторов ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят бурда, хостори кам кардани муҳлати адои ҷазо шуда буд.

Вакили дифои Сатторов Сергей Катков ба расонаҳо гуфта буд, ки зерҳимояш дар Тоҷикистон фарзанди ноболиғ дорад ва ба ин далел аз додгоҳ мехоҳад ӯро ба муҳлати камтар маҳкум кунад. Ин вакили дифоъ ҳамчунин гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояташ қонунан вориди Русия шуда ва иҷозаи расмии кор дар он кишварро доштааст.

Ёдрас мешавем, Маҳмадсолеҳ Маханов, бародари Алимурод Маханов, мулаққаб ба "Устод Муродулло," бо чанд тан аз ҳамроҳонаш дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябри соли гузашта боздошт шуданд. Худи Алимурод Маханов дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе аз иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва "шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон" буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон" шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Ӯзбакистон мебошад, бар зимма доштааст.

Аммо зимни мурофиаи судӣ ин гуфтаҳояшро рад карда, изҳор дошт, ки тамоми айбҳоро таҳти фишор ба дӯш гирифт. Бо вуҷуд Додгоҳи Олии Тоҷикистон Алимурод Махановро ба 21,5 сол маҳкум кард. Наздикони Маханов ин ҳукми додгоҳро ноодилона арзёбӣ карда буданд.

 

Лентаи хабарҳо
0