Таҳлилгарон: имкон дорад ҷудоихоҳон ҳамаи Донбасро зери назорат гиранд

© AP Photo/Manu BraboҶудоихоҳони украинӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҷудоихоҳони украинӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони амрикоӣ иддао доранд, ки ҷудоихоҳон аз имконоти идомаи амалиёти ҳамлаовар барои таҳти тасарруфи худ даровардани куллияи Донбасс бархурдор ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Таҳлилгарони амрикоӣ, аз ҷумлаи мақомоти собиқи ИМА, иддао доранд, ки ҷудоихоҳон дар шарқи Украина аз нерӯи кофӣ барои идомаи амалиёт алайҳи ниҳодҳои давлатии Украина бархурдор ҳастанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин бора дар гузорише гуфта мешавад, ки аз сӯйи пажӯҳишгароне аз шӯрои Атлантикӣ, Донишкадаи Брукингс ва шӯрои равобити байналмиллалии Чикаго таҳия шудааст.

Дар ин гузориш пажӯҳишгарон мукарраран Русияро дар пуштибонии низомии ҷудоихоҳон муттаҳам кардаанд.

"Нерӯҳои русӣ ва ҷудоихоҳон имкон доранд, ки амалиёти ҳамлаовари худро барои таҳти нуфуз даровардани куллияи Донбасс ва ё бадтар аз ҳама аз шароити таъсиси пуле миёни ФР ва Қрим тавассути назорати куллияи манотиқи ҷанубу шарқи Украина бархурдор ҳастанд"- иддао шудааст дар ин санад.

Ҳамзамон пажӯҳишгарон эътироф мекунанд, ки "ин навҳаи кор воқеъӣ наменамояд", вале ба эътиқоди онҳо "чандон афсонавӣ ҳам нест".

Дар гузориш бо истинод ба кадоме аз "манобеъи украинӣ" иддаъо шудааст, ки "феълан дар Донбасс теъдоди умумии нерӯҳои низомии рус ва ҷудоихоҳон 36 ҳазор нафарро ташкил мекунад". Ҳамзамон манобеъ "иддаъо кардаанд, ки теъдоди низомиёни рус аз 8,5 ҳазор то 10 ҳазор нафар аст".

Гуфта мешавад, ки ин омор дар ҷараёни мубоҳисоте, ки дар шаҳри Киев аз 13 то 16 январ баргузор шуд садо додаанд, ки дар онҳо аъзои давлати Украина, намояндагони бархе аз созмонҳои украинӣ, НАТО, аз ҷумла ИМА ширкат кардаанд.

Маскав мукарраран эълом дошт, ки ба ҳаводиси ҷанубу шарқи Украина рабт надорад, ба ҷудоихоҳон васоили низомӣ намедиҳад ва ҷониби даргирии дохили Украина нест.

Лентаи хабарҳо
0