IRS: дар ҷодаи Душанбе-Чаноқ хатари тармафароӣ боқӣ мемонад

© Официальный сайт IRSТозакунии ҷода аз барф дар роҳи Душанбе-Чаноқ
Тозакунии ҷода аз барф дар роҳи Душанбе-Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳо роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ ба далели тоза кардани ҷода аз барф ва пайёмадҳои тармафароӣ ғайримунназам фаъолият мекунад.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Хатари тармафароӣ дар ҷодаи Душанбе-Чаноқ боқӣ мемонад, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкил эҷод мекунад, омадааст дар хабари ширкати Innovative Road Solutions LTD (IRS), ки масъули ин роҳ аст.

Раванди тоза кардани ҷодаи кӯҳистонии Душанбе-Чаноқ аз барф ва пайёмадҳои тармафароӣ қатъ намешавад, омадааст дар хабари ширкат.

"Мусаллам аст, ки бахши роҳу таробарӣ дар муқоъиса бо арсаҳои дигар аз мушкилоти зуҳуроти табиъйӣ бештар бастагӣ дорад. Дар сурати фаъъолияти номуназзами ҷоддаҳо, бахшҳои дигар низ метавонанд аз ин амр осеб бинанд. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилот роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ тӯли солҳои ахир боре ҳам масдуд нашудааст. Қаблан ин роҳ дар фасли тирамоҳу зимистон масдуд мешуд", — зикр мешавад дар хабар.

Ширкат аз сокинони кишвар, ки аз ин ҷодда истифода мекунанд, хостааст мушкилоти кори онҳоро ба инобат бигиранд, зеро на дар ҳама ҳолат пайёмадҳои зуҳуроти табиӣ дар зудтарин фурсат рафъ мешаванд.

Ба иттилоъи маркази матбуотӣ, ширкати IRS 129 адад васоили фаннии муосир, ки барои тоза кардани ҷода, рафъи камбудиҳо ва таъмири роҳ истифода мешаванд, дар ихтиёр дорад. Ба ғайр аз ин, барои омодагӣ ба фасли сармо ширкат 7 ҳазору 423 кубометр шағал, 790 тонна намак ва 285 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ харидорӣ кардааст.

Бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки маркази Тоҷикистонро бо қисмати шимолӣ мепайвандад соли 2009 аз сӯйи ширкати "China roud" оғоз шуда баъд аз 4 сол ба итмом расид. Маблағи умумии ин тарҳ $296 миллион буд, ки $281,2 миллионаш қарзи бистсолаи Чин мебошад. Саҳми давлати Тоҷикистон дар ин тарҳ $15 миллион буд.

Ин ҷода танҳо роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст. Низоми роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ 31 марти соли 2010 дар пайи имзои қарордоди миёни давлати Тоҷикистон ва намояндагии ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" аз 19 январи соли 2008 роҳандозӣ шуд.

Тибқи муқаррароти ин қарордод, ба ин ширкат масъулияти нигаҳдории роҳ вогузор шудааст. Вале дар бораи мӯҳлати ин созишнома ҳеч яке аз ҷонибҳо иттилоъ намедиҳанд.

Дарозаи умумии ҷодаи Душанбе-Чаноқ 354 километр аст ва дар тӯли он 3 нақб (Майхура — 897 метр, Истиқлол- 4998 метр, Шахристан —5253 метр), 24 силсиладевори ҳифозатӣ, ё галерея ва 38 пул воқеъ ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0