ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки аз 15-сола боло нестанд, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷопон ширкат меварзанд, менависад сомонаи ФФТ.
Ин мусобиқа рӯзҳои 23-30 март таҳти унвони "Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme" дар шаҳри Осакаи Ҷопон сурат мепазирад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон др ин мусобиқа 10 даста иштирок мекунад. Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) пештар барои ширкат дар ин мусобиқа ба федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон даъватнома ирсол карда буд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мунтахаби наврасони кишвар (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов намояндагӣ хоҳад кард.
Моҳи моҳи сентябри соли равон бошад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 ширкат мекунад.