ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар пайи як сониҳаи нақлиётии шаби 30-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ 5 нафар ба ҳолкат расиданд, хабар медиҳад вазорати корҳоди дохилии Тоҷикистон.
Тахмин, соати 23-и шаб ронандаи боркаши "Хингчианг", сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров- Аҳмадхон Олимов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада бо мошини тамғаи "Хонда CR-V" таҳти идораи Азим Холов, сокини шаҳри Душанбе бармехӯрад.
Дар натиҷаи садама, ронандаи мошини сабукрав ва чаҳор нафар мусофираш дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд.