ДУШАНБЕ, 2 февр — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нафар бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии моддаҳои тарканда хабар медиҳад, омадааст дар сомонаи ин ниҳод.
Кормандони Шуъбаи ВКД-1 ноҳияи Синои Душанбе Зафар Буриев, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакиро бо моддаҳои тарканда 1 феврал дастгир кардаанд.
"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 1-адад зарфи пластмасии 1,5-литра, ки дар дохилаш хокаи торик, 2-адад селофани рангаш сиёҳ ва кабуд дар дохилашон ҷисмҳои кулухмонанд дарёфт гардид. Мувофиқи ташхис, маводҳои гирифта шуда, маводҳои таркандаи "борут", "порох" буда, вазнашон 4-килою 254-граммро ташкил медиҳад, ки барои истифодабарӣ коршоям мебошанд", — омадааст дар сомона.
ВКД мегӯяд, нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад. Дар ҳоли ҳозир гуфта нашудааст, ки шаҳрванд Буриев бо чи қасде ин моддаҳоро бо худ мегардонд.
Дар як-ду соли охир мақомоти Тоҷикистон пайваста аз боздошти афроде хабар медиҳанд, ки қасди тарконидани ин ва ё он ниҳодро доштаанд. Дар арафаи интихобти президентии соли 2013 низ мақомот аз боздошти як гуруҳ хабар дод, ки қасди тарконидани ниҳодҳои интизомии кишварро доштанд. Баъдан ин афрод бо муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд.
Дар гузашта ҳамчунин назди панҷараҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Кохи Ваҳдат тавассути моддаҳои тарканда таркишҳо рух дода буд. Дар таркиши назди Кохи Ваҳдат мӯйсафеди нигаҳбон кушта шуда, аммо таркиши назди Додгоҳи олӣ будину талафоти ҷонӣ анҷом шуда буд.