Қатли як зан бо ду фарзандаш аз ҷониби шавҳар

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкТопор. Архивное фото
Топор. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини ноҳияи Конибодом бо истифода аз табар зан ва ду фарзанди наврасашро ба қатл расондааст. Мақомот мегӯянд, ин ҳодиса баъд аз муноқишаи зану шавҳар барои харидани тӯҳфа сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Баҳром Юлдошев — сокини 38-солаи ноҳияи Конибодом дар қатли ҳамсар ва ду фарзанди наврасаш айбдор мешавад, менависад сомонаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ин вазорат мегӯяд, Юлдошев рӯзи 30 январи соли ҷорӣ бо зарби табар ҳамсар ва кӯдаконашро куштааст.

"Рӯзи 30.01.2015 ҷасади Дилором Эргашева (соли таваллудаш 1976), сокини ҷамоати деҳоти Патари ноҳияи Конибодом бо фарзандонаш: Нурмуҳаммад Юлдошев, хонандаи синфи 5 ва Зарина Юлдошева, хонандаи синфи 1-уми мактаби таҳсилоти умумӣ дар хонаи истиқоматиашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар қисми сарашон дарёфт шуданд", — омадааст дар сомонаи вазорат.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, маъмурони пулис баъд аз дарёфти ин хабар таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, сабабу ҳолатҳои ҷойдоштаро омӯхтаанд.

"Бо гумони даст доштан дар ин ҷинояти бераҳмона шаҳрванд Баҳром Юлдошев — шавҳари ҳамсари марҳум ва падари тифлакони маъсум дастгир гардид", — менависад сомонаи ВКД.

Ба иттилои мақомот, муайян карда, ки Баҳром Юлдошев бо истифода аз табар ба сари ҳамсар ва фарзандони худ зарба зада, онҳоро ба ҳалокат расонидаву баъдан аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи чигуна рух додани ин ҳодиса мегӯяд, "ҷанҷоли оилавӣ барои маблағи пулӣ, яъне тӯҳфа харидан ба зодрӯзи бародари ҳамсар боиси содиравшии ҷинояти мазкур гардидааст."

Дар ҳоли ҳозир алайҳи Баҳром Юлдошев бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне куштор, парванда боз шуда, тафтиш идома дорад. Ӯ қаблан низ бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ маҳкум шуда, ба наздикӣ аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба кишвар омада будааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар сеюним ҳафтаи моҳи январи соли ҷорӣ танҳо дар вилояти Суғд 7 куштор сабт шудааст ва аксаран кушторе, ки бо шеваи бераҳмона ва маъмулан дар пайи баҳсҳои ночизи маишӣ содир шудаанд. Солона дар Тоҷикистон бино ба ҳисобҳо, то 150 куштори барқасдона содир мешавад.

Лентаи хабарҳо
0