Кӯмаки Чин ба мақомоти милисаи Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевМилисаҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Милисаҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чин барои харидории либосҳои махсуси милисаҳои тоҷик ҳудуди 150 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Созишнома дар бораи ёрии бебозгашт (билоиваз) дар ин бора миёни ВКД ҶТ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ба имзо расид, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ дар такя ба дафтари матбуотии ВКД.

Гуфтанист, дар доираи ин тарҳ барои милисаҳои Тоҷикистон харидории либосҳои махсуси зимистона ва тобистона дар ҳаҷми 940 ҳазор юан (муодили 150 ҳазор доллар) дар назар аст. Зимнан, дар чорчӯби ин тавофуқот мулоқоти Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо Фан Сянжун, сафири Чин дар ҶТ баргузор шуд.

Ҷонибҳо дар нишаст масоили марбут ба ҳамкории мақомот, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз терроризм ва ҷудиталабиву ифротгароиро баррасӣ карданд. Ба иддаои Раҳимзода, баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо ба ҳар ду ҷониб манфиат меорад, ҳадафҳоро мушаххас карда, муносиботи тарафайнро тақвият мебахшад.

Лентаи хабарҳо
0