ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ниҳодҳои зирабт дастур додааст, ки яке аз хиёбонҳои аслии шаҳрро, ки тӯли 20 сол дар вазъи ногувор буд, бозсозӣ кунанд, хабар медиҳад сойти шаҳрдорӣ.
Дар тӯли ду даҳсола хиёбони ба номи Ҷӯрабой Зокиров, ки барои сокинони маҳаллоти атрофи коллеҷи тиббӣ ҷодаи аслӣ маҳсуб мешавад, дар вазъи нигаронкунанда қарор дошта дар мавсими боронгарӣ пайваста зери об мемонад.
"Барои ошноӣ бо вазъ шаҳрдор Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи масъулони зирабт, ҳамчунин бо раисони маҳаллаҳо ба ин минтақар ташриф овард", — омадааст дар хабар.
Баъд аз ошноӣ бо вазъ дар ин маҳалла шаҳрдори Хуҷанд дастур дод, ки дар тӯли як ҳафта чанд тарҳи бозсозии ин хиёбонро таҳия кунанд.