Оҷонсии фасод аз боздошти ду қаллоби “Барқи тоҷик” хабар медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевБинои "Барқӣ тоҷик". Акс аз бойгонӣ
Бинои Барқӣ тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвиз Одинаев, нозири корҳои хоҷагирдории “Барқи тоҷик” ва Сиёвуш Маҷидов, нигаҳбони даромадгоҳи ин ширкат шаҳрванд Т. Шарифовро фиреб дода, 400 доллари ИМА ва 300 сомонии ӯро аз худ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ду корманди ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе барои қаллобӣ, фиреб додан бо истифода аз мақоми хизматӣ аз сӯи Оҷонсии мубораи бо фасод боздошт шудаанд, менависад сомонаи ин ниҳод.

Парвиз Одинаев, нозири корҳои хоҷагирдории "Барқи тоҷик" ва Сиёвуш Маҷидов, нигаҳбони даромадгоҳи ин ширкат шаҳрванд Т. Шарифовро фиреб дода, 400 доллари ИМА ва 300 сомонии ӯро аз худ кардаанд.

"Шарифов мехост истифодаи нерӯи барқ барои дӯконашро ҳуҷҷатгузорӣ кунад. Аммо ӯ ба доми фиреби Парвиз Одинаев ва Сиёвуш Маҷидов афтодааст", — омадааст дар сомона.

Ин ду корманди "Барқи тоҷик" ҳамчунин аз шаҳрванд Шарифов А.Т. $100 талаб намудаанд. Баъди грифтани $100 Парвиз Одинаев 27-уми январ боздошт шудааст.

Нисбат ба кормандони ширкат бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои «в, г»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб, бо расонидани зарари ҷиддӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад, омадааст дар хабари сомона.

Лентаи хабарҳо
0