ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Раҳбари Ҳизби демократ Сайидҷаъфар Исмонов дар суханронии худ тавассути шабакаи телевизионӣ барномаи пешазинтихоботии ҳизби худро ироа карда, пешниҳод сохт, ки истихроҷи захоири табиӣ, воридоти ғизо, маводи сӯхт ва тамоку миллӣ карда шавад, хабар медиҳад "CA-News".
Зимни ироаи барномаи худ, ки тавассути шабакаи аввал рӯзи панҷшанбе намоиш дода шуд, вай пешниҳод кард, ки мизони ситонидани молиёт барои тавлидкунандагони дохилӣ коҳиш дода шавад ва истихроҷи нафту газ, тилло, нуқра ва маъодини дигари гаронбаҳо миллӣ карда шавад.
"Ин захоир боигарии мардум аст, на сад нафар тоҷироне, ки бо сохтмони як роҳ ва ё як мактаб ҳукуматро қонеъ месозанд", — гуфт Исмонов ва идома дод, ки инҳисороти давлатӣ барои воридоти анвои асосии ғизо (орд, қанд, гандум) маводи сӯзишворӣ ва тамоку бояд роҳандозӣ шавад.
Раиси Ҳизби демократ ҳамчунин таҷдиди низоми додгоҳӣ, аз ҷумла ворид кардани маҳдудияти синну сол барои таъини судяҳоро на ҷавонтар аз 50-сола пешниҳод кард.
"Феълан, судяҳои мо 35-40 сола ҳастанд, вале тибқи таҷриба боақлӣ ва дурандешии инсон баъд аз 50 солагӣ мерасад, — мегӯяд раҳбари демократҳо. — Бояд судяҳои зинаҳои поёнӣ барои ҳукми ноадалона ба ҷавобгарӣ, то ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Зеро судя ҳуқуқи иштибоҳро надорад".
Исмонов пешниҳод кард, ки бо кишварҳое ки барои амнияти Тоҷикистон таҳдид намекунанд, ба хотири рушди ҷаҳонгардӣ ва боло бурдани мизони маҳбубияти кишвар муқаррароти раводид лағв карда шавад.
Ба ғайр аз ин, ба эътиқоди сиёсатмадор, дар кишвар бояд "пулиси ахлоқ" роҳандозӣ шавад, зеро ахлоқи шаҳрвандон сахт коҳиш ёфтааст.
Раҳбари Ҳизби демократ ҳамчунин изҳор дошт, ки аҳзоби мухолиф бояд на танҳо дар вазъи мухолиф қарор дошта бошад, балки "дар ҳалли мушкилоти ба ҳукумат кӯмак кунанд".
Бояд гуфт, ки Сайидҷаъфар Исмонов бо барномаи мушобеҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 ширкат карда танҳо як дарсади раъйи интихобкунандагонро гирифт ва ҷойи охирин —шашумро соҳиб шуд.
Таблиғоти пешазинтихоботии телевизионии аҳзоби сиёсӣ рӯзи панҷшанбе бо суханронии раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров оғоз шуд.
Ба ҳар як ҳизби сиёсӣ 40 дақиқаи ройгони вақти телевизионӣ барои ироаи барномаи ҳизби худ ва барои номзадҳои феҳрасти ҳизбии интихоботӣ 2 маротиба камтар вақт дода мешавад.
Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон то ҳол номзадҳои ҳафт ҳизби сиёсӣ аз ҳашт ҳизб сабти ном шудаанд. Ҳизби сотсиал-демократӣ дар бораи ширкати худ дар интихоботро танҳо 30 январ эълом кард ва то ҳол ҳеч номзади худро сабти ном накардааст.
Тавассути феҳрастҳои интихоботии аҳзоб 22 вакил ва аз ҳавзаҳои ҷудогона 41 вакил интихоб мешаванд.