Додситон мегӯяд, таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ мутаваққиф шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевНишасти матбуотии Додситонии кул. 30 январи соли 2015
Нишасти матбуотии Додситонии кул. 30 январи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба қазияи тирпаронӣ 14 нафар айбдоршаванда аз ҳисоби сокинон дар пайгарди қонунӣ қарор доранд ва таҳқиқи минбаъдаи он ҳаводис ба хотири муташанниҷ нашудани вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ мутваққиф шудааст.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Таҳқиқи ҳаводиси 21-уми майи соли гузашта дар шаҳри Хоруғ мутаваққиф шудааст, бо такя ба Ҷамшед Мирзохонзода, сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон, менависад оҷонсии "Озодагон".

Мирзохонзода, ки дар нишасти хабарии Додситонии кулл 30 январ суҳбат мекард гуфт, дар робита ба ин қазия 14 нафар айбдоршаванда аз ҳисоби сокинон дар пайгарди қонунӣ қарор доранд ва таҳқиқи минбаъдаи он ҳаводис ба хотири муташанниҷ нашудани вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ мутваққиф шудааст.

"Ҷузиёти бештар дар бораи ин қазия Прокуратураи генералӣ дода наметавонад. Дар кофтукоб онҳоеянд, ки ин ҷиноятро содир кардаанд ва онҳо интизомӣ нестанд. Инҳо сокинони Хоруғанд", — афзудааст Мирзохонзода.

Тирпаронии 21 майи соли гузашта дар маркази шаҳри Хоруғи Бадахшон зимни боздошти як гуруҳ сокинони муттаҳам дар қочоқи маводи мухаддир сурат гирифт, ки бо марги ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам кормандони мақомоти қудратӣ анҷомид. Дар пайи ин қазия сокинони маҳаллӣ бо нишони эътироз чанд бинои мақомоти давлатиро оташ заданд, ки зарари он 11 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0