ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик беш аз ду миллион рубли қарзи корфармоён баргардонида шуд, хабар медиҳад намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия.
Дар аввали сол гурӯҳи сохтмончиёни тоҷик ба намояндагӣ барои кӯмак дар бозпас гирифтани 594 ҳазор рубл аз ширкати "Стройторг"-и шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск муроҷиат карданд.
Ин ширкат, бо далоили номаълум пардохти ҳуқуқи муҳоҷиронро ба дарозо мекашид. Баъд аз даъвати корманди намояндагӣ ба минтақаи федералии Урал ва музокироти вай бо раҳбарони ин ширкат ин мушкил ба таври мусбат ҳал шуд.
"Аризаи мушобеҳ 5 январ аз сокини ноҳияи Бохтари ҶТ Хуршед Маҳмадҷонов низ ворид шуд, ки тавассути як миёнарав Рифат Ҳабибулин дар Екатеринбург умури сохтмонӣ анҷом медод. Баъди анҷоми кори худ Маҳмадҷонов 160 ҳазор рубли русиро камтар гирифтааст. Ин мушкил низ ҳалли худро ёфт", — гуфта мешавад дар баёния.
Бо шикояти мушобеҳ 17 муҳоҷир, ки дар ширкати сохтмонии "Петр-Строй"-и шаҳри Ревадаи вилояти Свердловск кор мекарданд, муроҷиат карданд. Дар пайи мушорикати намояндагӣ, раҳбарияти ширкат қарзҳои худ дар маблағи 560 ҳазор рублро пардохт кард.
Ҳамчунин, намояндагӣ ба шаҳрвандони дигари Тоҷикистон барои бозпас гирифтани 717 ҳазор рубл кӯмак кард.
Ба гуфтаи намояндаи вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия, иллати аслии рух додани чунин маворид адами қарордод бо корфармоён аст. Дар бештари маворид корфармоён ваъда медиҳанд, ки дар поёни сол қарзҳои худро пардохт мекунанд, вале на дар ҳама ҳолат ваъдаи худро метавонанд иҷро кунанд.