Кашфу мусодираи 11 кило ҳашиш ва 18 кг моддаҳои психотропӣ дар ҶТ

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкҲашиш. Акс аз бойгонӣ
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду қочоқчӣ, ки ба фурӯшу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави кишвар сару кор доштанд, аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ боздошт гардиданд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Беш аз 10 кило ҳашиш аз Ҳасан Рустамов, сокини 39-солаи ноҳияи Мастчоҳ мусодира шуд, менависад сомонаи ВКД.

"Рӯзи 29.01.с.2015, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрванд Рустамов Ҳасан соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ў 10 килою 710 грамм маводи нашъадори "ҳашиш" дарёфт ва мусодира карда шуд",- омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин, аснои баргузории як амалиёти вижаи кормандони ВКД дар пойтахт Сафовуддин Тоибови 32-сола, сокини ноҳияи Нуробод боздошт гардидааст. Зимнан, аз борхалтаи ӯ 17 килою 600 грамм моддаҳои психотропӣ дарёфт шуд.

Оиди ҳар ду далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0