Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки 200 000 ҷойи корӣ таъсис дода шавад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкРаиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари кишвар бо аъзои ҳукумат баргузории иқдомоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар соли ҷорӣ дар назар аст, баррасӣ карда ба ҳалли масоили таъмини сокинон бо ҷойи кор бештар тавваҷӯҳ кард.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Имрӯз, 30 январ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумати кишвар мавзӯъи таъсиси 200 ҳазор ҷойи кори ҷадид дар соли 2015-ро баррасӣ кард, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси ҷумҳур.

Дар ҷаласаи ҳукуматӣ барномаи иҷрои дастурҳое, ки раиси ҷумҳури кишвар дар пайёми худ эълом карда буд, таъйин шудааст.

Ин барнома аз 74 банд иборат аст. Ба онҳо эъломи соли 2015 ба унвони соли Оила, таъсиси Ҳомии ҳуқуқи кӯдак, тасвиби иқдомоти зиёд барои коҳиши шиддати таъсироти омилҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси 200 ҳазор ҷойи кори ҷадид ва ғайра мебошанд.

Дар бораи зарурати таъсиси 205 ҳазор ҷойи кори ҷадид дар солҳои наздикро Раҳмон зимни ироъаи пайёми худ ба порлумон дар соли гузашта гуфта буд. Дар пайёми имсол зикр шуд, ки дар кишвар беш аз 252 ҳазор ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муввақатӣ таъсис шудаанд.

Ҳамчунин, бо дастури раҳбари кишвар, дар муъассисоти таълимӣ ҳамасола беш аз 100 нафар аз сокинон бо бозомӯзии касбӣ фаро гирифта мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0