Раиси ҲНИТ бо ҳайати нозирони САҲА дидор кард

© Sputnik / Амир ИсаевДафтари ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Дафтари ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кабирӣ изҳор дошт, ки фаъолияти ҳайъати нозирони байналмиллалӣ муъассир мешавад ва онҳо ҳамкории судмандро роҳандозӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Вазъи пешазинтихоботӣ дар кишвар ва масоили фишор ба ҲНИТ-ро дирӯз Муҳиддин Кабирӣ бо ҳайати нозирони САҲА ба раҳбарии Маклош Ҳарастӣ баррасӣ карданд, хабар медиҳад "Независимое мнение".

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ бо ҳайати САҲА ба раҳбарии Маклош Ҳарастӣ дидор кард. Ба ин ҳайат ҳамчунин Ксения Дашутина — коршинос дар умури ҳуқуқӣ ва Даря Папротска — коршиноси умури сиёсӣ шомил ҳастанд.

Ҷонибҳо масоили вазъи пешазинтихоботӣ дар кишвар, аз ҷумла омодагии ҲНИТ ба интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ, мавзӯъи фишорҳо ба ҳизб ва масоили дигари марбутро баррасӣ карданд.

Кабирӣ изҳори боварӣ кард, ки фаъолияти нозирони байналмиллалӣ судманд мешавад ва онҳо бо номзадҳои интихоботӣ, аҳзоби сиёсӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва нозирони маҳаллӣ ҳамкориҳои босамар хоҳанд дошт.

Лентаи хабарҳо
0