Дар Токио ба далели боридани барфи шадид парвози ҳавопаймоҳо қатъ шуд

© AP Photo/Eugene HoshikoБарфрезӣ дар Токио. 30 январи соли 2015
Барфрезӣ дар Токио. 30 январи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар манотиқи марказии Токио барои нахустин бор дар зимистони соли ҷорӣ баландии барф ҳудуди панҷ сантиметр хоҳад шуд. Дар бархе аз ҷоддаҳо муқаррароти насби занҷирҳо ба чархҳо роҳандозӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷопон қатъи парвозҳо дар 67 масир аз фурудгоҳҳои Нарита ва Ханэда дар пойтахти кишварро ба далели барфрезии шадид эълом карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Интизор меравад дар зимистони соли ҷорӣ барои нахустин бор дар манотиқи марказии Токио баландии қабати барф 5 сантиметр хоҳад шуд.
Дар бархе аз ҷоддаҳо муқаррароти насби занҷирҳо ба чархҳо роҳандозӣ шуд.

Ҳавошиносон аз шиддати барфрезӣ ҳушдор медиҳанд: рӯзҳои истироҳат дар манотиқи шимолу ғарбии Япония боридани барф то 30 сантиметр имконпазир аст.

Эҳтимоли таввақуф дар фаъолияти васоили нақлиёт низ имконпазир аст.

Лентаи хабарҳо
0