Лукашенко мегӯяд, ҳисси маъулият намегузорадаш аз мансаб биравад

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкНишасти хабарии президенти Белорус Александр Лукашенко
Нишасти хабарии президенти Белорус Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лукашенко ваъда додааст, ки дар интихоботи имсолаи президентӣ ширкат хоҳад кард ва изҳор доштааст, ки худдорӣ кардан мумкин аст танҳо аз сари камзарфӣ ва беморӣ аз ин мансаб даст кашид.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко изҳор медорад, ки ба далели ҳисси масъулият дар назди ватан наметавонад аз мансаби президентӣ канор равад, менависад Sputnik дар Беларус.

"Ман худам аз мансаб намеравам ва рафта ҳам наметавонам — ҳақ надорам. Агар кишвар фуру резад, маро дар тарсӯӣ муттаҳам мекунанд ва ҳақ ҳам хоҳанд буд ", — гуфтааст вай.

Лукашенко ваъда додааст, ки дар интихоботи имсолаи президентӣ ширкат хоҳад кард ва изҳор доштааст, ки худдорӣ кардан мумкин аст танҳо аз сари камзарфӣ ва беморӣ аз ин мансаб даст кашид.

"Ман бар ин назарам, ки шахс номзадиашро танҳо аз сари тарс, камақлӣ, беморӣ боз мехонад", — тазаккур додааст Лукашенко дар нишасти хабарие, ки рӯзи панҷшанбеи 29 январ баргузор гардид.

"Агар инсон солим, бо хирад бошад, пас ҳатман бояд ба интихобот биравад, аммо халқ сарнавишти туро таъйин мекунад", — гуфтааст вай.

"Аз ин рӯ агар зиндаву саломат бошам, дар ин ҳолат ҳатман дар интихоботи имсола шумо номзадии маро дар рӯйхати номзадҳо хоҳед дид" — афзудааст Лукашенко.

Бори охир дар ин кишвар тирамоҳи соли 2010 интихоботи парлумонӣ доир шуд. Он замон низ Лукашенко ширкат дошт ва пирӯзи интихобот эълон гардид. Номзадҳои дигар, ки аз натоиҷи шумориши раъйи мардум норозӣ буданд ва интихоботро тақаллубӣ медонистанд, ба кӯчаҳо рехтанд.

Дар пайи эътирозҳо чанде аз муътаризин ва номзадҳои интихобот дастгир ва ба зиндон маҳкум шуданд.  

Лентаи хабарҳо
0