СММ Қирғизистонро аз ҳаққи раъйдиҳӣ маҳрум кард

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкБинои СММ. Акс аз бойгонӣ
Бинои СММ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феълан ба ҷуз аз Қирғизистон боз шаш кишвари узви СММ қарзҳои худ барои сармоягузории фаъъолияти ин созмонро пардохт накардаанд.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Қирғизистон ва шаш кишвари дигар муввақатан аз ҳаққи раъйдиҳӣ дар Маҷмаъаи кулли СММ барои напардохтани ҳаққи узвият барои сармоягузории ин созмон маҳрум шудаанд, хабар медиҳад Sputnik дар Кирғизистон.

Ба ҷуз аз Қирғизистон барои напардохтани ҳаққи узвият ҳамчунин Гренада, ҷазоири Маршалл, Македония, Тонго, Вануату ва Яман аз ҳаққи раъйдиҳӣ маҳрум карда шудаанд.

Барои собит кардани ҳаққи раъйдиҳӣ Қирғизистон муваззаф аст $6731 доллар пардохт кунад.

Ба гуфтаи сухангӯйи вазорати хориҷаи Қирғизистон Турдақул Сидиқов, напардохтани ин маблағ амдан набуда ва феълан вазорати молия барои пардохти ин маблағ чораҷӯӣ мекунад.

Дар вазорати молияи Қирғизистон изофа карданд, ки то авохири ин моҳ маблағи узвият пардохт карда мешавад. Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар моҳи январ ба наҳваи "Пардохтҳо ба созмонҳои байналмиллалӣ " пардохти 54 ҳазору 271 доллар дар назар аст.

Дар ҷаласаи порлумони кишвар вакил аз иттиҳоди "Ата Мекен" Наталя Никитенко пардохт нашудани ин маблағ аз сӯйи ниҳодҳои зирабтро шармандагӣ номид. Вакил Қурманбек Дийканбаев хост, ки минбаъд мақомот барои чунин аъмол муҷозот шаванд.

Дар ҳамин ҳол котиботи СММ аз кишварҳо даъват кард, ки ҳарчӣ сареъан маболиғи қарзҳои худро пардохт ва узвияти комили худ дар созмонро собит созанд.

Қирғизистон 2 марти соли 1992 ба узвияти комили СММ пазируфта шуд. Дар солҳои узвият кишвар дар ҳамоишҳои байналмиллалӣ ширкат карда, пешноҳодоти худ барои ҳалли масоили ҳалталабро ироъа кардааст. Бештаре аз пешниҳодоти Қирғизистон аз сӯйи кишварҳои узви СММ пуштибонӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0