Дар Маскав қочоқчии тоҷик ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Александр Уткин / Гузариш ба медиабонкБоздоштшуда
Боздоштшуда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилоъи таҳқиқот, Усмонов тобистони соли гузашта ғайриқонунӣ 42 грамм ҳероинро харидорӣ карда онро тақсим ва талоши фурӯш кард.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Шаҳрванди 23 солаи Тоҷикистон Мурод Усмонов барои талоши фурӯши ҳероин ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад сойти додситонии Москав.

Тибқи таҳқиқи ин қазия, Усмонов тобистони соли гузашта ғайриқонунӣ 42 грамм ҳероинро харидорӣ карда, онро барои фурӯш ба 10 баста тақсим кардааст.

"Барои тавзеи маводди мухаддир дар Маскав вай фурсат наёфт, зеро 23 июли соли 2014 аз сӯи пулис дар маҳаллаи хиёбони Кутузов боздошт шуд", — омадааст дар хабар.

Додгоҳи ноҳияи Дорогомилови Маскав ба иттиҳомот розӣ шуда Усмоновро ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Мавриди харидории ҳероин аз сӯи Усмонов ба таҳқиқи парвандаи ҷудогона вогузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0