ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ҳудуди 150 коргар аз кишварҳои Осиёи Марказиро кормандони Идораи муҳоҷират зимни бозрасии раванди сохтмони як маркази тиҷоратӣ дар вилояти Москав ошкор кардаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии Хадамоти федералии муҳоҷират.
Аз 26 то 28 январ маъмурони ХФМ маҳалли иқомати муҳоҷирони корӣ дар шаҳраки Ржавкиро, ки дар он ҷо маркази тиҷоративу тафреҳӣ бунёд мешавад, бозрасӣ карданд. Дар ин сохтмон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, умдатан аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон кор мекарданд.
"Дар маҳалли сохтмон 146 нафар атбоъи хориҷӣ бо нақзи қавонини муҳоҷират ва бидуни асноди иҷозадиҳӣ қарор доштанд. Нисбати атбоъи хориҷӣ асноди маъмурӣ таҳия шудаанд", — хабар доданд дар ниҳод.
Баъд аз муҳокимаи ин қазия додгоҳ ҳукм кард, ки куллияи боздоштшудагон аз қаламрави Русия ихроҷ шуда, ҳар яке аз онҳо 5 ҳазор рублӣ ҷарима ва аз ҳаққи вуруд ба Русия ба муддати 5 сол маҳрум шаванд.