“Хонаи озодӣ” Тоҷикистонро “ноозод” донист

© Sputnik / Амир ИсаевНишони "Хонаи озодӣ"
Нишони Хонаи озодӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳлилгарони созмони байналмиллалӣ, ки вазъи озодӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳонро назорат мекунанд, натоиҷи соли гузаштаро эълом карданд.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тоҷикистон мақоми "ноозод"-ро дар феҳрасти ҷадиди созмони байналмиллалии Freedom House ё "Хонаи озодӣ", ки вазъи озодӣ дар 195 кишвари ҷаҳонро баррасӣ кардааст, ба худ ихтисос додааст, омадааст дар гузориши ин ниҳод.

"Дар Тоҷикистон ҳамалоти мунназам ба гуногунандешии сиёсӣ, таъқиби аҳзоби сиёсӣ ва тундгаро донистани гурӯҳи мухолифи "Гурӯҳи 24" мушоҳида шуд", — омадааст дар гузориш.

Дар соли 2014 ин созмон ба Тоҷикистон тибқи шумориши умумӣ 6 хол дода (аз ҳама бад — 7 хол, беҳтарин — 1 хол), мақоми "ноозод"- ро ихтисос додааст. Аз рӯйи "озодиҳои шаҳрвандӣ" "озодиҳои сиёсӣ" кишвар низ 6 холӣ гирифтааст.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки мавқеъи Тоҷикистон дар робита ба фишори мунназами мухолифон дар манотиқи кишвар дар остонаи интихоботи порлумонӣ пойин рафтааст.

Вале чунин оморро кишвар дар гузориши соли қаблӣ низ соҳиб шуда буд. То ин вақт муддати нӯҳ сол (2003-2012) нишондоди Тоҷикистон андаке беҳтар буд: нишондоди умумии озодӣ — 5,5, озодиҳои шаҳрвандӣ — 5, озодиҳои сиёсӣ — 6 хол буд.

Феҳрасти Freedom House 195 кишвар ва 14 манотиқи бидуни мақомро дар бар мегирад. Тибқи холҳои ба даст омада аз рӯйи 25 намуд кишварҳо "озод", "нисбатан озод", "ноозод" ва "бадтарини бадтарин" дониста мешаванд.

Ҳамроҳ бо Тоҷикистон ба феҳрасти "кишварҳои ноозод" Қазоқистон, Русия, Афғонистон, Ироқ, Куба, Эрон, Таиланд ва Камбодҷа шомил ҳастанд.

Қирғизистон, Украина, Мексика, Индонезия ва Туркия дар феҳрасти кишварҳои "нисбатан озод" қарор доранд.

Ба феҳрасти кишварҳои "озод" Муғулистон, бештаре аз кишварҳои урупоӣ, Австралия, ИМА, Канада ва Бразилия шомиланд.

Феҳрасти кишварҳоро бо мақоми "бадтарини бадтарин" Ӯзбакистон, Туркманистон, Чин, Сурия, Арабистони Саудӣ, Сомалӣ, Чад ва Судон анҷом медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0