Собиқ комиссари низомии Панҷакент ҳукм гирифт

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСудебное заседание
Судебное заседание - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбонқулов барои “бо роҳҳои ғайриқонунӣ озод кардани ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ” айбдор гардида, дар баробари ӯ, се зердасташ низ муҷозот шудаанд.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд Муҳсин Қурбонқулов, собиқ комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакентро, ба шашуним соли зиндон маҳкум кардааст, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Қурбонқулов барои "бо роҳҳои ғайриқонунӣ озод кардани ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ" айбдор гардида, дар баробари ӯ, се зердасташ низ муҷозот шудаанд.

“Озодӣ”: сарбози дар Саричашма захмӣ шуда ҷарроҳӣ шуд

Абдураҳим Бегзода, раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, дар нишасти хабарие 28-уми январ дар ин бора иттилоъ додааст.

"Озодӣ" бо такя ба манобеи худ менависад, Муҳсин Қурбонқулов ба 6,5 соли зиндон ва се зердасташ ба солҳои камтар маҳкум шудаанд. Манбаи "Озодӣ" афзудааст, ин масъулони комиссариати ҳарбии Панҷакент дар тӯли чанд сол ҳудуди 200 ҷавонро бо роҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла додани билетҳои ҳарбӣ, аз хидмати ҳатмӣ дар Артиш озод кардаанд.

Ин қазия моҳи декабри соли гузаштаи 2014 дар ҷараёни таҳқиқи ҳодисаи латту кӯби Бибимарям Ҳамроева — сокини 54-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷакент расонаӣ шуд. Хонум Ҳамроева аз мавриди озор ва зарбу лат қарор гирифтанаш аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур ба додситонӣ арз кард. Сӯҳроб Салимзода, муовини додситони ҳарбии Суғд гуфт, дар ҷараёни таҳқиқи шикояти Ҳамроева мавриди таҳқир ва латту кӯб шудани ин модари сарбоз дар комиссариати ҳарбӣ исбот нашуд.

"Аммо маҳз дар ҷараёни таҳқиқи шикояти ин хонум ҷинояти дигарро ошкор намудем. Муҳсин Қурбонқулов, собиқ комиссари ҳарбии Панҷакент ба писари хонум — Ҳамроева бар ивази 400 доллар билети ҳарбӣ таҳия намуда, ӯро аз хидмат озод карда будааст", — мегӯяд Салимзода.

Ба ин тартиб, дар соли гузаштаи 2014 ду комиссари ҳарбии Панҷакент — Хуршед Қобилов ва Муҳсин Қурбонқулов — барои бадрафторӣ ва муомилаи бад бо даъватшавандагону волидонашон ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ озод кардани даъватшавандагон аз хидмати ҳарбӣ аз вазифа барканор шуда, нисбати эшон парвандаҳои ҷиноӣ боз шуд.

Неруҳои марзбонӣ ба сарбози маҷрӯҳшуда зарари маънавиро намепардозад

Ҳоло дар Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд таҳқиқи парвандаи Хуршед Қобилов, собиқ комиссари ҳарбии Панҷакент ва сардори шуъбаи 2 — юми ин ниҳод, идома дорад. Онҳо барои латту кӯби Абуҷаббор Рустамов, сокини ноҳияи Панҷакент муттаҳам мешаванд.

Абдураҳим Бегзода, раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, гуфтааст, нисбати эшон тибқи банди 391-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — "суистифода аз ҳокимият ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад."

Бино бар иттилои расонаҳо, дар соли 2014 додситони ҳарбии Суғд 4 парванда алайҳи кормандони комиссариатҳои ҳарбии минтақа барои "ҷалби иҷборӣ"-и даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ва бадрафторӣ бо онҳову волидайнашонро боз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0