ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Салоҳиддин Раббонӣ вазири умури хориҷаи Афғонистон таъйин шуд ва номзадии ӯро 151 вакил пуштибонӣ карданд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Волуси Ҷирга (маҷлиси поёнии порлумони Афғонистон) ба таъйини Салоҳиддин Раббонӣ ба вазифаи вазири умури хориҷӣ ва Нурулҳақ Улумӣ ба вазифаи умури дохилии Афғонистон раъйи эътимод дод.
Раъйдиҳӣ ба 18 номзади ҳукумати ваҳдати миллӣ нимаи дуввуми имрӯз, 28-уми январ оғоз шуд.
Дар пайи ин раъйдиҳӣ ба вазифаи вазири умури дохилӣ Нурулҳақ Улумӣ таъйин шуд. Ба вазифаи раҳбари Сарраёсати амнияти Афғонистон Раҳматулло Набил таъйин шуд.
Пуштибонии вакилони Волуси Ҷиргаро ҳамчунин Ақлил Ҳакимӣ, ки вазири молия ва Сардор Муҳаммад Раҳмоноглу, ки вазири иқтисод таъйин шуд, ба даст овардаанд.
Вакилон ба номзадии Шермуҳаммади Каримӣ, ки ӯро раиси ҷумҳур Ғанӣ ба симмати вазири дифоъ пешниҳод карда буд, мухолифат карданд.
Салоҳиддин Раббонӣ писари Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон аст. Падари ӯ моҳи сентябри соли 2012 дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Салоҳиддин Раббонӣ баъди даргузашти падараш муддате раҳбарии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро бар ӯҳда дошт ва ҳоло раиси Ҷамъияти исломӣ, ҳизби таъсисдодаи падараш мебошад.