Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сойтҳоро масдуд намекунад

© Sputnik / Амир ИсаевТатяна Холмуродова, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ
Татяна Холмуродова, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавориди қатъи дастрасии муштариён ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сойтҳои хабарӣ дар Тоҷикистон ҳеч рабте ба фаъолияти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати кишвар надорад, гуфт муовини раҳбари ин ниҳод.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар соли гузашта ҳеч дастуре барои масдуд сохтани дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ нагирифтааст, изҳор дошт Татяна Холмуродова, муовини раҳбари ин ниҳод дар нишасти матбуоотии имрӯз, навиштааст Авеста.

Чунин изҳори назар дар ҳоле садо дод, ки дар соли 2014 дар Тоҷикистон чанд даъфа дастрасӣ ба сойтҳои иҷтимоии Facebook, Vkontakte, Odnoklassniki ва YouTube, ҳамчунин сойтҳои хабарӣ, аз ҷумла сафҳаи "Азия-Плюс" масдуд шуда буд.

"Масдуд кардани дастрасӣ бо сойтҳои интернетӣ ба фаъолияти Идораи мухобирот шомил намешавад. Гузашта аз ин, дар соли 2014 мо ҳеч як дастури ҳукумат барои масдуд кардани сойтҳои интернетиро нагирифтаем", — иқтибос овардааст оҷонсии Авеста аз гуфтаҳои Холмуродова.

Вай ба хабарнигорон қавл додааст, ки ин ниҳод ҳатто аз масдудшавии сойтҳо дар кишвар огоҳ нест, навиштааст Азия-Плюс.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа теъдоди муштариёни интернет дар Тоҷикистон ба 3,8 миллион нафар расидааст. Ба ин теъдод нафароне низ шомиланд, ки аз интернети телефонҳои ҳамроҳ истифода мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0