Корманди додситонӣ ба иттиҳоми заминфурӯшӣ ва тақаллуб боздошт шуд

© SputnikЗавлона
Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди ниҳоди назорат бар иҷрои қавонин, худ ду моддаи Қонуни ҷиноиро нақз карда аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасод боздошт шуд.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Бо гумони тақаллуб ва забти қитъаи замин корманди додситонии шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Рустамов боздошт шудааст, хабар медиҳад сомонаи Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон.

Ба иттилои ин ниҳод, Рустамов, ки дар симмати коршиноси бахши кадрҳои додситонии пойтахт ифои вазифа мекард, моҳи июни соли гузашта ду ҷинояти марбут ба фасодро содир кардааст. Аз ҷумла, вай барои мусоидат дар гирифтани қитъаи замин аз шаҳрванд Д. Неъматов 21 ҳазор доллар талаб кардааст.

"Рустамов аз Неъматов $10 ҳазор гирифта ба вай 0,07 гектар замини наздиҳавлигӣ аз заминҳо марбут ба ширкати "Мармар" дар қаламрави ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷудо кардааст. Баъд ба ӯ гуфтааст, ки сохтмони хонаро шурӯъ кунад ва баъд аз анҷоми сохтмон ва гирифтани маблағи 11 ҳазор доллари боқимонда, асноди заминро таҳия мекунад", — омадааст дар хабар.

Боздошти гумонбар дар куштор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ду корманди милиса барои порагирӣ дар Душанбе

Ин корманди додситонӣ ҳамчунин барои худ низ дар ин минтақа замин гирифтааст.

"Рустамов бидуни ҳеч санад худсарона дар қитъаи 0,04 га замин дар ин ҷамоат барои худ маскан сохтааст", — хабар медиҳад Оҷонсӣ.

Нисбати ин корманди додситонӣ 9 январ парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми тақаллуб ва сӯистифода аз мақом, забти худсаронаи замин ва расонидани хисорот боз шудааст. Феълан вай дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳаволии шаҳри Душанбе аз манотиқи дилписанди мақомот маҳсуб мешавад ва онҳо дар он ҷо ба сурати махфӣ маскан месозанд. Ба ин далел аз ин минтақа дар миёни мардум "Рублёвкаи тоҷикон" ном бурда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0