Раҳимзода: мо аз сармоягузориҳои Чин ҳарос надорем

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкАрзи миллии Чин- юан. Акс аз бойгонӣ
Арзи миллии Чин- юан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аз вобаста шудан ба сармоягузориҳои чинӣ, ки мизонашон базудӣ миллиардуллорӣ мешавад, ҳарос надорад ва барои ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар омода мебошад.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Афзоиши сармоягузориҳои чинӣ таъсири манфӣ дар пай надорад ва Тоҷикистон аз ҷалби чунин сармоягузориҳо ҳарос намекунад, гуфт вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ.

Афзоиши сармоягузориҳои чинӣ наметавонад далели чунин фикр бошад, ки Тоҷикистон ба ин ё дигар кишвар авлавият медиҳад, зикр кард вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон.

"Бидеҳиҳои чинӣ имтиёзнок буда ба бахши воқеъии иқтисод, барои тавлидот равона шудаанд. Дар соли 2014 чанд қарордод имзо шуда буд, ки сохтмони лӯлаи гази Осиёи Марказӣ — Чин аз ҷумлаи онҳост ва арзиши хатти ин лӯлаи газ, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, $3,2 миллиард мебошад", — хабар дод вай.

Раҳимзода ҳамчунин сармоягузории Чин ба тарҳи сохтмони бузургтарин корхонаи нассоҷӣ дар ОМ дар Данғара, ки зарфияташ коркарди 52 ҳазор тонна панба мебошад, барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

"Дар соли 2014 Тоҷикистон танҳо 500 ҳазор тонна семент ворид кард, ки дар солҳои қаблӣ ин рақам то ба 2 миллион тонна мерасид. Мо якҷо бо шарикони чинӣ тавонистем корхонаҳои нав бунёд кунем ва шояд дар соли 2015 баъд аз фаъол шудани корхонаҳои ҷадид мизони воридотро то ба ҳадди аққал бирасонем", — гуфт вай.

Раҳимзода зикр кард, ки дари Тоҷикистон барои ҳамаи сармоягузорон боз аст ва ҳамкорӣ бо онҳое идома дорад, ки на танҳо манофеъи худ, балки фоидаи ҷумҳуриро ба инобат мегиранд.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2014 ба иқтисоди кишвар $699 миллион сармоягузорӣ шудааст, ки аз он $288 миллион — сармоягузории мустақим, $410 миллион — сармоягузориҳое, ки ширкатҳо ҷалб кардаанд ва $1,4 миллион — сармоягузорӣ ба маболиғи аслии ширкатҳо мебошанд.

Аз миқдори умумии сармоягузорӣ саҳми Русия 149 миллион доллар (21,4%), Чин — 121,3 миллион (17,4%), Люксембург — 87,9 миллион (12,6%), ИМА — 81 миллион (11,6%) мебошад.

Лентаи хабарҳо
0