ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон 27 январ шартномаи миёни Душанбеву Пекин дар масъалаи истирдоди афроди ҷиноятпешаро ба тасвиб расонданд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".
Тарҳи ин шартномаро Абдураҳмон Аламшозода — муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар парлумон муаррифӣ кардааст.
"Ҳоло як чунин зарурат ба миён омадааст", — гуфтааст Аламшозода.
Вай равуои зиёди сокинони Тоҷикистону Чин ба кишварҳои якдигарро яке аз далелҳои қабули шартнома донистааст.